Медиа-гурӯҳи «ASIA-Plus» баррасии хизматрасониҳои зеринро пешниҳод менамояд:
I. ИТТИЛООТ: хабарҳо, таҳлил, омор;
II. КОНСАЛТИНГИ ТИҶОРАТ: банақшагирии стратегӣ, менеҷменти амалиётӣ, беҳсозии сохтори тадорукотӣ ва иқтидориву амалиётӣ, аудити амалиётӣ ва таҳлили соҳавии бозорҳо;
III. КОНСАЛТИНГИ МОЛИЯВӢ: ҷобаҷогузории низоми баҳисобгирии молиявӣ ва идорӣ, пешниҳоди машварат мувофиқи МСФО ва ГААП, автоматикунонии баҳисобгирии муҳосибӣ, ҷорӣ намудани системаҳои иттилоотии молиявӣ ва идорӣ, шарҳи вазъи молиявӣ, ҷорисозии системаи комплексии «1с корхона» ва баргузории тренингу семинарҳо дар мавзӯъҳои гуногун барои ҳайати кории муштарӣ;
IV. КОНСАЛТИНГИ АНДОЗ: шарҳи вазъи масоили марбут ба андоз, беҳгардонии соҳаи андоз, пешниҳоди кӯмак ва машваратҳо дар масоили андоз.
V. КОНСАЛТИНГИ ҲУҚУҚӢ: таҳлили ҳуқуқӣ, ташхиси ҳуқуқӣ, таҳияи асноди ҳуқуқӣ ва мутахассисон, аудити кадрӣ, баҳодиҳӣ ба ҳайати корӣ, таҳия ва татбиқи амалии системаи омӯзиш ва рушди ҳайати корӣ, таҳияи ва ҷорисозии системаи ҳавасмандгардонӣ;
VI. КОНСАЛТИНГИ КАДРӢ: ҷустуҷӯ, интихоб, мутобиқгардонии ҳайати кории роҳбарӣ ва мутахассисони нодир, аудити кадрӣ, баҳодиҳӣ ба ҳайати корӣ, таҳия ва татбиқи амалии системаи омӯзиш ва рушди ҳайати корӣ, таҳияи ва ҷорисозии системаи ҳавасмандгардонӣ;
VII. ХИЗМАТРАСОНИИ БАҲОДИҲӢ: баҳодиҳӣ ба дороӣ (активҳо), тиҷорат, моликияти зеҳнӣ ва дороии ғайримоддӣ;
VIII. РЕКЛОМ, PUBLIC RELATION: ҳама гуна намуди реклом;
IX. НАВОРБАРДОРИИ ВИДЕО ВА АКСБАРДОРӢ: маҳсулоти видеоӣ, хизматрасониҳои аксбардорӣ;
X. ШОУ-БИЗНЕС: консертҳо, муаррифиномаҳо, сафарҳои ҳунарӣ (гастролҳо);
XI. ТАБЪУ НАШР: нашр, ҷузъбандӣ, ламинатсия кардан;
XII. МАКТАБИ РӮЗНОМАНИГОРӢ: баргузории тренингу семинар барои журналистон ва котибони матбуотӣ, ташкили нишастҳои матбуотӣ барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ.
I. ИТТИЛООТ
Маводи иттилоотии мо:
|
1.1. |
Дастрасӣ ба иттилооти маҳфуз дар сомонаи www.asiaplus.tj |
|
тавассути ном ва рамзи шахсӣ муштарӣ метавонад тамоми шабонарӯз ба хабарҳо, бойгонӣ ва гузоришот дар сомонаи www.asiaplus.tj дастрасӣ дошта бошад |
|
1.2. |
Хабарномаи ҳамарӯзаи «АП-БЛИТС» |
|
ҳамарӯза соати 14.00 ба почтаи электронии муштарӣ (e-mail) хабарнома бо иттилои тозатарин дар бораи рӯйдодҳои Тоҷикистон, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон ирсол мегардад. |
|
1.3. |
Ирсоли ОНЛАЙН |
|
ирсоли фаврии хабарҳо дар Тоҷикистон тавассути e-mail мувофиқи имкони дастрас гардидани онҳо. |
|
1.4. |
Хабарномаи ҳармоҳаи таҳлилии «Тоҷикистон: вазъи иқтисодӣ» |
|
ҳар моҳ ба почтаи электронии (e-mail) муштарӣ хабарномаи таҳлилӣ оид ба шарҳи иқтисоди Тоҷикистон дар моҳи гузашта: хабарҳо оид ба иқтисод, таҳлилу хулосаҳо, шарҳу тафсири коршиносон ва омори расмӣ ирсол мегардад. |
|
1.5. |
Хабарномаи ҳафтаинаи таҳлилии «Тоҷикистон: вазъи сиёсӣ» |
|
ҳар ҳафта ба почтаи электронии (e-mail) муштарӣ хабарномаи таҳлилӣ оид ба шарҳи вазъи сиёсии Тоҷикистон дар ҳафтаи гузашта: хабару рӯйдодҳо, таҳлил ва шарҳи коршиносон бобати сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҳукумати расмии Тоҷикистон ва ҳамчунин кишварҳои дигар дар муносибат бо Тоҷикистон. |
|
1.6. |
Шарҳи ҳафтаинаи матбуоти Тоҷикистон |
|
рӯзи ҷумъаи ҳар ҳафта ба почтаи электронии (e-mail) муштарӣ файл бо шарҳи матбуоти кишвар ирсол мегардад: гузоришоти муҳим ва маводи таҳлилие, ки дар рӯзномаву маҷаллаҳои кишвар ҳафтаи равон ба табъ расидаанд. |
|
1.7. |
Интернет – мониторинги ҳамарӯза |
|
мониторинги ҳамарӯзаи web-сомонаҳои расмӣ мувофиқи мавзӯъҳои интихобкардаи муштарӣ. Ин имкон фароҳам месозад, ки ба ҳамаи маълумоти зарурии сомонаҳои интернетии ВАО, корхонаву муассисоти Тоҷикистон ва кишварҳои дигар дастрасии комил дошта бошед. |
|
1.8. |
VIP-обуна |
|
муштарӣ ба номгӯи зерини хизматрасониҳо обуна мегардад: Дастрасӣ ба сомонаи www.asiaplus.tj, «Вазъи иқтисодӣ ва сиёсӣ», Шарҳи ҳафтаинаи матбуоти Тоҷикистон ва Интернет-Мониторинги ҳамарӯза |
Шахсони мутасаддӣ оид ба масоили обуна:
- Бахтиер Ҳошимов: тел.: (+992 93) 501 98 05, e-mail: agency@asiaplus.tj
- Замира Ҷалилова: тел.: (+992 37) 221 72 20, e-mail: zdjalilova@asiaplus.tj
Ба мундариҷаи мӯҳтаво
II. КОНСАЛТИНГИ ТИҶОРАТ (БИЗНЕС)
Аз рӯи самтҳои консалтинги тиҷорат ASIA-Plus дар ҳамдастӣ бо шарикони ботаҷрибаи худ ба соҳибон ва топ-менеҷерҳои ширкатҳои дар ҳоли рушд қарордоштаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чунин бахшҳои фундаменталии пешбурди тиҷорат хизматрасониҳои машваративу амалии касбӣ пешниҳод менамояд:
2.1. Банақшагирии стратегӣ
-
муайян кардани стратегияи беҳтарини рушди ширкат;
-
муайян кардани чораҳои мушаххаси рушди ширкат;
-
таҳияи нақшаи тиҷорат ва муайян кардани вазифаҳои расидан ба ҳадаф;
-
мавқеъгирии ширкат дар бозор;
-
таҳияи нақшаи ҳалли мушкилоти ширкат дар вазъи бӯҳронӣ.
2.2. Менеҷменти амалиётӣ
2.3. Беҳсозии сохтори тадорукотӣ ва иқтидориву амалиётӣ
-
муайян кардани оқилона будани беҳсозии сохтор;
-
муайян кардани марказ ва диапазонҳои масъулият, равандҳои калидии ;
-
тиҷорат, роҳу воситаҳои қабули қарор;
-
таҳияи пешниҳодоти беҳсозии фаъолият ва вазоиф;
-
таҳияи муқаррароти воҳидҳои сохторӣ, дастурҳои вазифавӣ, рӯйхати ҳайати корӣ;
-
таҳияи низоми коммуникатсияи дохилӣ;
-
таҳияи тарҳи равандҳои тиҷорат ва ҷараёнҳои иттилоотӣ;
-
таҳияи нақшаи ҷорисозии сохтори беҳтарини тадорукотӣ ва идорӣ;
-
автоматикунонии равандҳои тиҷоратӣ ва гардиши аснод.
2.4. Аудити амалиётӣ
-
омӯзиш ва роҳандозии самараноки равандҳои тиҷоратӣ
-
баҳодиҳӣ ба самаранокии фаъолияти равандҳои тиҷоратӣ
-
ҷорисозии қоидаву тартиботи мувофиқашуда
2.5. Таҳлили соҳавии бозорҳо
ASIA-Plus бо шарикони худ - ширкатҳои консалтингии бонуфуз ҳамкории густарда ба роҳ монда, омода аст дар кори роҳандозии тиҷорати муваффақонаи шумо саҳмгузор бошад. Қарорҳое, ки бар асоси натиҷагириву таҳлилҳои мутахассисони касбӣ қабул карда мешаванд, ба пешрафти фаъолияти шумо мусоидат намуда, имкон фароҳам месозанд, ки шумо роҳи беҳтарини рушду инкишофи ширкатро интихоб намоед.
Шахсони мутасаддӣ оид ба масоили консалтинги тиҷорат (бизнес):
- Бахтиер Ҳошимов: тел.: (+992 93) 501 98 05, e-mail: agency@asiaplus.tj
Ба мундариҷаи мӯҳтаво
III. КОНСАЛТИНГИ МОЛИЯВӢ
Дар Тоҷикистон рушди тиҷорат ба он вобаста аст, ки то чӣ андоза зудтар роҳбари ширкат ба қабули қарори мантиқиву асоснок меояду аз тамоми имконот ва воситаҳо истифода мекунад. Барои ин ҷорисозии низоми хуби баҳисобгирии муҳосибӣ зарур аст.
ASIA-Plus дар ҳамдастӣ бо шарикони боэътимоди худ омода аст, ба ташкили низоми баҳисобгирии муҳосибии муосир, ки ба талаботи меъёрҳои байнулмилалӣ ҷавобгӯ бошад, мусоидат намояд:
3.1. Ташкили баҳисобгирии молиявӣ
3.2. Пешниҳоди машварат мувофиқи МСФО ва ГААП
-
пешбурди баҳисобгирии муҳосиботӣ ва омодасозии ҳисоботнокии мувофиқи МСФО ВА ГААП ва қонунгузории кишвар;
-
Таҳия ва пешниҳоди ҳисобот ба мақомоти давлатӣ;
-
пешниҳоди машварат оид ба масоили баҳисобгирии муҳосиботӣ ва истифодаи муқаррароти МСФО;
-
мониторинги тағйирот дар қонунгузорӣ оидба масоили баҳисобгирии муҳосиботӣ ва МСФО.
3.3. Ташкили низоми баҳисобгирии идорӣ
-
таҳияи сохтори баҳисобгирии идорӣ (марказҳои хароҷот);
-
муайян кардани нишондиҳандаҳои калидии баҳодиҳӣ ба самаранокии фаъолияти ширкат;
-
таҳияи намудҳои баҳисобгирии идорӣ, муайян кардани мӯҳлатҳои;
-
пешниҳоди он, нархгузории арзиши аслии мол ва хизматгузориҳо;
-
буҷавигардонӣ.
3.4. Автоматикунонии баҳисобгирии муҳосиботӣ - ҷорисозии низомҳои идории молиявии иттилоотӣ
3.5. Шарҳи вазъи молиявӣ
-
шарҳи вазъи молиявии ширкат;
-
таҳлили холиси фаъолияти муштарӣ бо истифода аз тарзу воситаҳои гуногуни таҳлилӣ ва огоҳсозии раҳбарияти ширкат дар бораи хавфҳои имконпазир;
-
Due Diligence аз рӯи лоиҳаҳои сармоягузорӣ.
3.6. Ҷорисозии низоми комплексии иттилоотии «1С: Корхона»
3.7. Баргузории тренингу семинарҳо барои ҳайати кории муштарӣ дар мавзӯъҳои гуногуни бахшҳои зикргардида.
Мутахассисонеро, ки, ки ОИ ASIA-Plus дар соҳаи баҳисобгирии муҳосиботӣ ба фаъолият ҷалб менамояд, аз таҷрибаи бой ва амалии кор бо ширкатҳои бузург бархӯрдоранд. Агар хоҳед, ки тавассути беҳсозии баҳисобгирии хароҷот маблағҳои зиёдеро пасандоз намоеду барои рушди минбаъдаи ширкат истифода баред, пас Шумо муштарии моед!
Шахсони мутасаддӣ оид ба масоили консалтинги молиявӣ:
- Бахтиер Ҳошимов: тел.: (+992 93) 501 98 05, e-mail: agency@asiaplus.tj
- Саломатшо Қадамов:тел.: (+992 44) 600 50 96, e-mail: skadamov@asiaplus.tj
Ба мундариҷаи мӯҳтаво
IV. КОНСАЛТИНГИ АНДОЗ
Бо мақсади ба роҳ мондани баҳисобгирӣ ва иҷрои ӯҳдадориҳо дар бахши пардохти андоз ва бо назардошти қонунгузории Тоҷикистон дар ин соҳа, ASIA-Plus бо шарикони худ омода аст, ба шумо дар беҳсозии кор бобати пардохти андозҳо кӯмак намояд ва хизматрасониҳои зеринро ба муштариён пешниҳод мекунад:
4.1. Шарҳи вазъи масоили пардохти андоз
4.2. Беҳсозии пардохти андоз
-
определение стратегических решений в области построения системы муайян кардани қарорҳои стратегӣ дар соҳаи ташкили низоми баҳисобгирӣ ва пардохти андоз;
-
ташкили низоми «таҷрибаи беҳтарин» дар соҳаи назорат ва идораи маблағҳои андозии ширкат;
-
таҳияи дастури иҷрои стратегияи пардохти андоз бо намунаҳои амалии иҷрои он;
-
муаррифии қарорҳо дар соҳаи беҳсозии пардохти андоз ба намояндагони муштарӣ.
4.3. Дастгирии фаъолият дар соҳаи пардохти андоз
-
машваратҳо оид ба оқибатҳои пардохти андоз, ки ба тағйири қонунгузорӣ дар ин бахш марбутанд;
-
дастгирии сиёсат дар соҳаи андоз;
-
хизматрасонӣ дар баҳисобгирӣ ва пардохти ҳама намуди андоз;
-
муаррифии мизоҷон дар мақомоти андоз;
-
таҳияи ҳисоботҳо ва дигар санадҳои вобаста ба андоз.
4.4. Машваратҳо дар масоили андоз
-
машваратҳо дар бораи андозбандӣ барои ширкатҳои хориҷӣ;
-
машваратҳо оид ба хавфҳо зимни роҳ ёфтан ба бозорҳио тоза ва хориҷӣ;
-
машваратҳо зимни пайдоиши ихтилофот бо мақомоти назоратӣ.
Мутахассисонеро, ки, ки ОИ ASIA-Plus дар соҳаи ҳалли масоили пардохти андозҳо ба фаъолият ҷалб менамояд, аз таҷрибаи бой ва амалии кор бо ширкатҳои бузург бархӯрдоранд ва шумо ҳамеша метавонед бо ҳама гуна маоили марбут ба пардохти андоз ба мо муроҷиат намоед.
Шахсони мутасаддӣ оид ба масоили консалтинги андоз:
- Бахтиер Ҳошимов: тел.: (+992 93) 501 98 05, e-mail: agency@asiaplus.tj
- Саломатшо Қадамов:тел.: (+992 44) 600 50 96, e-mail: skadamov@asiaplus.tj
Ба мундариҷаи мӯҳтаво
V. КОНСАЛТИНГИ ҲУҚУҚӢ
Ҳангоми таъсиси ширкат, таҳияи асноди таъсисӣ, амалиёти гуногуни тиҷоратӣ ва ҳалли баҳсҳо ширкатҳо ба мушкилот мувоҷеҳ мегарданд ва ба кӯмаки салоҳиятдори ҳуқуқӣ эҳтиёҷманданд. Аз ин рӯ, мо чунин намудҳои кӯмаку дастгирии ҳуқуқиро пешниҳод месозем:
5.1. Таҳлили вазъи ҳуқуқӣ
-
шарҳ ва таҳлили қонунгузории амалкунанда;
-
шарҳ ва таҳлили созишномаҳои байнулмилалӣ;
-
машваратҳо оид ба ҷиҳатҳои ҳуқуқии менеҷменти корпоративӣ ва масоили ҳуқуқҳои хусусии байнулмилалӣ.
5.2. Ташхиси ҳуқуқӣ
-
ташхиси лоиҳаҳои сармоягузорӣ, молиявӣ ва ғайра;
-
ташхиси муомилот, шартномаҳо дар ҳама соҳаҳои ҳуқуқ;
-
ташхиси лоҳаи қонунҳо ва санадҳои меъёриву ҳуқуқии он: фармону амрҳо, муқаррарот, дастурномаҳо ва ғайра;
-
ташхиси санадҳои дигари ҳуқуқӣ.
5.3. Таҳияи санадҳои ҳуқуқӣ
-
таҳияи лоиҳаи қонунҳо ва санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ;
-
таҳияи шартномаҳои тиҷоратӣ;
-
таҳияи санадҳои меёриву ҳуқуқии корпоративӣ ва маҳдуд;
-
таҳияи номаҳои кории расмӣ, аризаҳои даъвоӣ ва ҳуҷҷатҳои додгоҳӣ;
-
таҳияи санадҳои дигари ҳуқуқӣ.
5.4. Бақайдгирии (ё гузоштани) шахсони ҳуқуқӣ, шӯъбаҳо ва намояндагиҳо
-
машваратҳо оид ба шаклҳо ва тавофути ташкиливу ҳуқуқӣ;
-
пешниҳоди шакли беҳтарини ташкиливу ҳуқуқӣ бо назардошти вижагиҳои тиҷорат;
-
таҳияи бастаи санадҳои таъсисотӣ;
-
бақайдгирии (азнавбақайдгирӣ) шахсони ҳуқуқӣ, шӯъбаҳо ва намояндагиҳо;
-
ҳуҷҷатгузорӣ намудан ва бақайдгирии тавофутҳои корпоративӣ;
-
барҳамдиҳии фаъолияти шахсони ҳуқуқӣ, шӯъбаҳо ва намояндагиҳо.
5.5. Мусоидат ва дастгирии ҳуқуқӣ
-
машварат оид ба тартиби гирифтани санадҳо: иҷозатнома, қарор, гувоҳнома ва мусоидат ба гирифтани онҳо;
-
пешниҳоди иттилооти муҳим оид ба тағйирот дар қонунгузорӣ;
-
тавсияҳо оид ба истифодаи амалии ин тағйирот дар қонунгузорӣ;
-
таркиббандӣ ва мусоидату дастгирии муомилот;
-
роҳандозии корҳои даъвоӣ, таҳияи ҳуҷҷатҳои аризаи даъвогӣ ва ба роҳ мондани мукотиба;
-
машваратҳо ва намояндагӣ дар додгоҳ;
-
намояндагӣ дар мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ.
Ҳадафи мо аз он иборат аст, ки мизоҷи мо ҳамеша аз роҳҳои пешгирикунандаи дифоъи ҳуқуқӣ бархӯрдор бошад. Мутахассиони ба кор ҷалбнамудаи ASIA-Plus ҳамеша омодаанд, ки масоили ба соҳаи ҳуқуқ дахлдоштаи шуморо ҳаллу фасл кунанд.
Шахсони мутасаддӣ оид ба масоили консалтинги ҳуқуқӣ:
- Бахтиер Ҳошимов: тел.: (+992 93) 501 98 05, e-mail: agency@asiaplus.tj
- Саломатшо Қадамов:тел.: (+992 44) 600 50 96, e-mail: skadamov@asiaplus.tj
Ба мундариҷаи мӯҳтаво
VI. КОНСАЛТИНГИ КАДРӢ
Шароити имрӯзаи доимо тағйирпазири муҳит ва пурзӯршавии рақобат дар соҳаҳои гуногуни тиҷорат аз роҳбарони ширкатҳо ҷиҳати идоракунии захираҳои кадрӣ талаботи зиёд ва маҳорати касбӣ тақозо мекунад. Акнун маҳз инсони соҳибихтисос нишондиҳандаи бартарияти ширкат дар бозор мешавад.
ASIA-Plus бо мақсади беҳсозии даромаднокии тиҷорат дар ҳамкорӣ бо шарикони худ, ки аз мушовирони соҳибихтисосу варзида иборатанд, чунин тарзҳои идоракунии захираҳои кадриро пешниҳод месозад:
6.1. Ҷустуҷӯ. Интихоб. Мутобиқгардонӣ.
-
Executive Search - ҷустуҷӯ, интихоби ҳайати шахсии (кормандони) мақомоти олии идоракунӣ ва мутахассисони нодир
-
мусоидат ва дастгирии машваратӣ дар марҳилаи мутобиқгардии номзад.
6.2. Аудити кадрӣ
-
санҷиши ҳолати ҳуҷҷатгузории кадрӣ ва мувофиқати он ба талаботи меъёрҳо ва тақозои идоракунии ширкат;
-
ташхиси саҳеҳияти ҳуҷҷатгузории кадрӣ ва ҳуқуқӣ; пешниҳоди тавсияҳо оид ба ошкор сохтан ва бартараф намудани хавфҳое, ки ширкат ба он роҳ додааст;
-
баҳодиҳӣ ба мувофиқати иқтидори кадрии ширкат нисбат ба амалӣ сохтани ҳадафҳо ва стратегияи он;
-
таҳлили самаранокии низоми идоракунии захираҳои кадрӣ;
-
таҳқиқи сабабҳои пайдоиши мушкилот бо айби ҳайати шахсӣ;
-
таҳия ва омода кардани тависяҳои мушаххас барои мақомоти роҳбарӣ ва хадамоти идоракунии ҳайати шахсӣ.
6.3. Баҳодиҳӣ ба ҳайати шахсӣ
-
мониторинги кадрии ҳайати шахсӣ;
-
муайянсозии баҳо дар низоми идоракунии ҳайати шахсӣ;
-
меъёри баҳодиҳӣ ба ҳайати шахсӣ;
-
тарзҳои баҳодиҳӣ;
-
ташаккул ва рушди захираҳои кадрӣ
-
идоракунии натиҷаи ниҳоӣ/самаранокӣ.
6.4. Таҳия ва амалисозии низоми омӯзиш ва рушди ҳайати шахсӣ
-
баҳодиҳӣ ба имконот ва муайянсозии талабот ба омӯзиш ва рушди ҳайти шахсии ширкати мизоҷ;
-
баҳодиҳӣ ба рушди сатҳи касбии ҳайати шахсӣ;
-
ташаккулдиҳии низоми чорабиниҳои омӯзишӣ барои ҳайати шахсӣ ва низоми дастгирии натиҷаҳои омӯзиш;
-
банақшагирии чорабиниҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони ширкат;
-
таҳияи барномаҳои мутобиқ ба талабот ва вижагиҳои кор дар ширкат.
6.5. Таҳия ва ҷорисозии низоми ҳавасмандагардонӣ
-
муайян кардани захираҳои «зудрас» ва «стратегӣ» дар низоми ҳавасмандгардонӣ;
-
лоиҳакашии низоми усулии ҳавасмандгардонӣ бо риояи тавозун байни ҳавасмандагардонии моддӣ ва ғайримоддӣ;
-
таҳияи низоми ҳавасмандгардонии нишондиҳандаҳои калидии самаранокӣ.
Бо ҷалби мутахассисони варзида дар соҳаи интихоби кадрҳо ASIA-Plus яке аз мушкилоти аслии Шумо - кор бо кадрҳоро ҳал хоҳад кард. Коршиносони мо дар ширкати Шумо муҳити кории мушаххас, самаранок ва созандаро ҳукмфармо хоҳанд сохт. Бо такя ба дастаи мутахассисони соҳибкасб ва риояи муқаррароти ахлоқи корпоративӣ ва касбӣ Шумо албатта муваффақ хоҳед шуд.
Шахсони мутасаддӣ оид ба масоили консалтинги кадрӣ:
- Бахтиер Ҳошимов: тел.: (+992 93) 501 98 05, e-mail: agency@asiaplus.tj
- Зарина Шакармамадова:тел.: (+992 44) 600 71 08, e-mail: office@asiaplus.tj
Ба мундариҷаи мӯҳтаво
VII. ХИЗМАТРАСОНИИ БАҲОДИҲӢ
Баҳодиҳии холисонаи касбӣ имкон медиҳад, ки арзиши аслии дороиҳоро (активҳоро) дар бозор мушаххасан муайян намуда, самаранокии муомилоти тиҷоратӣ ва амалиёти дигарро тавассути дороиҳои моддиву ғайримоддӣ роҳандозӣ кунед. Ин ҷо ҳамчунин заминаи андозбандии он мувофиқи қонунгузории амалкунанда, ки дар тартиботи баҳисобгирии молиявӣ дарҷ ёфтаанд, ба назар гирифта мешаванд.
ASIA-Plus дар ҳамдастӣ бо шарики худ - AITEN Consulting Group дар ин самт ба Шумо чунин хизматгузориҳоро пешниҳод менамояд:
7.1. Баҳодиҳӣ ба дороиҳо (активҳо) - муайянсозии арзиши дороиҳои ширкат дар бозор бо нархи барқарории он ва назардошти фарсудашавии ҷисмонӣ ва маънавӣ. Баҳодиҳӣ ба Шумо дар баҳисобгирии он дар тавозуни корхона барои ба хароҷоти камтар роҳ додан ва ба ҳадди ниҳоӣ расонидани даромад аз истифодаи он ёрӣ мерасонад.
7.2. Баҳодиҳӣ ба тиҷорат - ин муайянсозии арзиши ширкат чун маҷмӯи амвол мебошад, ки ба соҳиби он имкони даромад оварданро дошта бошад. Ҳангоми баргузории ташхиси холисонаи касбӣ арзиши ҳамаи дороиҳои ширкат муайян мешавад, аз ҷумла баҳодиҳӣ ба амволи ғайриманқул, мошину таҷҳизот, арзиши қоғазҳои қиматнок, захираҳои анбор, сармоягузориҳои молиявӣ, моликияти зеҳнӣ гузаронида мешаванд. Бар асоси чунин таҳлили ҳамаҷониба баҳои аслии тиҷорат, ки бояд чун маҷмӯи амвол даромад орад, муайян карда мешавад.
7.3. Баҳодиҳӣ ба моликияти зеҳнӣ ва дороиҳои ғайримоддӣ - дар баробари тасдиқ намудани ҳуқуқ ба моликият, имконият медиҳад, ки арзиши адолатноки дороиҳо муайян карда шуда, бо мавҷудияти шароит иншоот дар тавозуни (баланси) корхона чун дороӣ гузошта шавад. Баҳодиҳии холисонаи касбӣ ба моликияти зеҳнӣ, масалан ба нуфузу мақоми корбарӣ, бренди шинохта ё шумораи мизоҷон метавонанд ба арзиши ширкат дар бозор ва ё тиҷорат саҳми назаррас дошта бошанд.
Амалиётҳои асосие, ки баҳодиҳоро тақозо мекунанд:
-
дар ҳисобот дарҷ ёфтани санадҳои хариду фурӯш ё пена;
-
баргузории озмун, музоядаҳо ва савдо;
-
амалиёти иҷора, лизинг;
-
омода кардан ва ҳуҷҷатгузории ба гарав гузоштан;
-
таҳияи ҳуҷҷатгузории тақсим, меросбарӣ ва тақдими амвол;
-
ба суғурта гузоштани амвол;
-
пардохти андоз, боҷ ва маблағҳои зарурии марбут ба амвол;
-
хусусигардонии амвол;
-
мусодира кардани амвол;
-
милликунонии амвол;
-
барҳамдиҳии амвол;
-
ҳалли баҳсҳои амволӣ;
-
ба каси дигар додани ҳуқуқ ба моликият;
-
ворид сохтани амвол ба сармояи оинномавӣ;
-
муайянсозии ҳиссаи ҳуқуқҳои амволӣ;
-
ба идоракунии боэътимод ба каси дигар додан;
-
лоиҳакашии сармоягузорӣ;
-
имтиёзнокии тиҷоратӣ;
-
ҷуброни хисороти молӣ.
Шахсони мутасаддӣ оид ба масоили хизматрасонии баҳодиҳӣ:
- Бахтиер Ҳошимов: тел.: (+992 93) 501 98 05, e-mail: agency@asiaplus.tj
Ба мундариҷаи мӯҳтаво
VIII. РЕКЛОМ, PUBLIC RELATION
-
Таҳия / баргузории чорабиниҳои рекломӣ ва PR;
-
Таҳқиқоти маркетингии бозор;
-
Ҷой додани реклом бо ҳама воситаҳо (нашриёти чопӣ ва электронӣ, рекломи кушод, нақлиёт);
-
Истеҳсоли тамоми навъи реклом тавассути аудио ва видео;
-
Баргузории иқдомоти промо.
ВАРАҚАИ НАРХНОМАВИИ РЕКЛОМ ВА PR-ИТТИЛООТ
Шахсони мутасаддӣ оид ба масоили ҷой додани PR-иттилоот ва реклом:
- Бахтиер Ҳошимов: тел.: (+992 93) 501 98 05, e-mail: agency@asiaplus.tj
- Далер Нурханов: тел.: (+992 44) 600 50 95, e-mail: manager@asiaplus.tj
- Татьяна Чен: тел.: (+992 44) 600 50 83, e-mail: marketing@asiaplus.tj
- Шараф Бобохонов: тел.: (+992 93) 505 33 38, e-mail: reklama@asiaplus.tj
- Набӣ Юсупов: тел.: (+992 44) 600 71 15, e-mail: nyusupov@asiaplus.tj
- Замира Ҷалилова: тел.: (+992 37) 221 72 20, e-mail: zdjalilova@asiaplus.tj
Ба мундариҷаи мӯҳтаво
IX. НАВОРБАРДОРИИ ВИДЕО ВА АКСБАРДОРӢ
-
Наворҳои хабарии видеоӣ ва аксҳо аз Тоҷикистон: рӯйдодҳо, далел ва шахсиятҳо;
-
Пешниҳоди хидматгузории наворбардори касбии видеоӣ ва аксбардори касбӣ;
-
Аксҳо барои варақаҳои таблиғии мавзӯӣ ва рекломӣ;
-
Наворбардории филмҳои мустанад, омӯзишӣ ва муаррифиномавӣ.
Студияи ТВ-продакшн, ки ба ҳайати медиа-гурӯҳи «ASIA-Plus» дохил мешавад, дар истеҳсоли рекломи иҷтимоӣ ва тиҷоратӣ, наворбардории филмҳои мустанад, ҳисоботӣ, муаррифиномавӣ ва дастурномаҳои омӯзишии видеоӣ таҷрибаи бою ғаниро касб кардааст. Мо бо созмонҳое чун UNHCR, UNICEF, USAID/ARD/CHECCHI, UNDP, Save the children Fund (UK), Save the children Federation (US), ABA/CEELI, Counterpart International, German Agro Action, AKDN ва як қатор ташкилотҳои маҳаллӣ ва ғайридавлатӣ ҳамкорӣ кардаем.
Барои созмонҳои МККК (амният аз минаҳо), ЮНИСЕФ (Фонди кӯдакони СММ) ва Save the Children (мушкилоти кӯдакони имконоти маҳдудошта ва масоили тендерӣ) рекломи иҷтимоӣ таҳия ва омода сохтаем.
Ҳама гуна намуди корҳо дар таҷҳизоти рақамии шакли DW-CAM таҳия ва омода мегарданд. Маҳсулоти тайёр дар ҳама гуна намудҳои таҷҳизоти ирсолӣ - компакт-дискҳо, DVD, коссетҳои mini-DV ва VHS ҷой дода мешаванд.
Шахсони мутасаддӣ оид ба масоили таҳия ва омода сохтани маҳсулоти наворбардории видеоӣ ва аксбардорӣ:
- Рашид Неъматов: тел.: (+992 44) 600 50 85, e-mail: rnematov@asialus.tj
- Татьяна Чен: тел.: (+992 44) 600 50 83, e-mail: marketing@asiaplus.tj
- Далер Нурханов: тел.: (+992 44) 600 50 95, e-mail: manager@asiaplus.tj
- Парвона Аҳрорӣ: тел.: (+992 44) 600 50 99, e-mail: radio@asiaplus.tj
Ба мундариҷаи мӯҳтаво
X. ШОУ-БИЗНЕС
-
Баргузории консерт, озмунҳои мусиқӣ, фестивалҳо ва муаррифиномаҳо;
-
Ташкили сафарҳои ҳунарии сарояндагони эстрадаи хориҷӣ ба Тоҷикистон;
-
Продюсерии ҳунармандони эстрадӣ;
-
Истеҳсоли коссетҳои аудио ва видео, CD, DVD;
-
Наворбардории видеоии консертҳо дар ПТС (шакли DVCAM);
-
Омодасозии клипҳои мусиқӣ.
Шахсони мутасаддӣ оид ба масоили шоу-бизнес:
- Парвона Аҳрорӣ: тел.: (+992 44) 600 50 99, e-mail: radio@asiaplus.tj
- Далер Нурханов: тел.: (+992 44) 600 50 95, e-mail: manager@asiaplus.tj
- Татьяна Чен: тел.: (+992 44) 600 50 83, e-mail: marketing@asiaplus.tj
Ба мундариҷаи мӯҳтаво
XI. ХИЗМАТРАСОНИИ ТАБЪУ НАШР
11.1. Чопи маводи нашриётии андозаи А-4 дар ризограф
|
Адади нусха |
Арзиш бидуни назардошти нархи коғаз (воҳиди шартӣ - в.ш.) |
|
100 адад |
0,7 в.ш. |
|
500 адад |
2, 5 в.ш. |
|
1000 адад |
4, 5 в.ш. |
|
5000 адад |
18 в.ш. |
|
10000 адад |
29 в.ш. |
|
Арзиши як варақи ҳаҷми А-4 - 0,01 в.ш. |
11.2. Нусхабардории андозаи А-4
|
Андозаи А-4 |
Арзиш (сомонӣ) |
|
Яктарафа то 50 саҳ. |
15 дирам |
|
Дутарафа то 50 саҳ. |
25 дирам |
11.3. Муқовабандии китобҳо тавассути таҷҳизоти пластикӣ ва оҳанӣ
|
Ҳаҷми муқовабандӣ |
Арзиш |
|
То 30 саҳифа |
1 в.ш. |
То 60 саҳифа |
1,5 в.ш. |
|
Беш аз 60 саҳифа |
2 в.ш. |
11.4. Ламинатсия кардан
|
Андоза |
Арзиш |
|
А-6 (Шиносномаи ронандагӣ, бейҷикҳо ва ғайра) |
0,5 в.ш. |
|
А-5 |
0,7 в.ш. |
|
А-4 |
1 в.ш. |
11.5. Таҳияи кортҳои шиносномавӣ (визитка)
|
Навъ |
Арзиш |
|
50 дона. |
100 дона. |
|
Яктарафа бо ранги сиёҳ |
4 в.ш. |
7 в.ш. |
|
Дутарафа бо ранги сиёҳ |
7 в.ш. |
13 в.ш. |
|
Яктарафаи ранга |
6 в.ш. |
11 в.ш. |
|
Дутарафаи ранга |
8 в.ш. |
15 в.ш. |
11.6. Бейҷҳо, диплом, гувоҳнома ва варақаҳои фирмавии корхонаву муассисот
|
Номгӯй |
Арзиш |
|
Бейҷҳо |
1 в.ш. |
|
Дипломва гувоҳномаҳо |
1-1,5 в.ш. |
|
Варақаҳои фирмавӣ |
100 дона.-12 в.ш. |
|
Нусхабардорӣ (Сканирование) |
1 варақ-0,25 в.ш. |
|
Зеҳгирии (фалтсовка) китобу рисолаҳо |
10 %аз арзиши фармоиш |
11.7. Таҳияи лоиҳа ва ороиш (дизайн)
|
Номгӯй |
Арзиш |
|
Кортҳои шиносномавӣ (визитка |
3 в.ш. |
|
Бейҷҳо (шаҳодатномаҳои пластикӣ) |
3 в.ш. |
|
Мӯҳр ва қолабҳо |
10 в.ш. |
|
Варақаҳои фирмавии корхонаву муассисот |
4 в.ш. |
|
Диплом, гувоҳномаҳо |
5 в.ш. |
Дар варақаи нархномавии мазкур арзиши хизматрасониҳо бидуни назардошти андоз аз арзиши илова нишон дода шудаанд
Пардохти андоз тавассути сомонӣ аз рӯи қурби бозор сурат мегирад
ҲАМЧУНИН ШУМО МЕТАВОНЕД БА МО:
ҲАМА ГУНА ШИОРҲОИ (ПЛАКАТҲОИ) РАНГАИ (А-2, А-3), БУКЛЕТ, МАҶАЛЛА, МАЪЛУМОТНОМА (СПРАВОЧНИК), КИТОБ, ВАРАҚАҲОИ РЕКЛОМӢ, ЭТИКЕТКА ВА ҒАЙРА.
ФАРМОИШ ДИҲЕД.
ФАРМОИШОТ ДАР ТАҶҲИЗОТИ ЗАМОНАВИИ ИСТЕҲСОЛИ ОЛМОН «HEIDELBERG» ТАҲИЯ ВА ОМОДА КАРДА МЕШАВАД.
Арзиши фармоишот аз рӯи нархи шартномавӣ ва мувофиқи андозаву ҳаҷм, адади нашр, миқдори ранг ва хусусиятҳои дигар муайян карда мешавад. Пардохти маблағҳо бевосита дар дафтари кории оҷонсӣ сурат мегиранд.
Барои дарёфти маълумоти бештар оид ба хизматрасониҳо ва арзиши он метавонед ба нишонии зерин муроҷиат намоед:
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, 734000, хиёбони Саъдии Шерозӣ 16, ошёнаи 2
Тел.: (+992 44) 600-71-10 / 600-71-16, (+992) 935019805/ 935710116; Факс: (992 37) 221-78-63.
Шахсони мутасаддӣ: Фарҳод Эшонқулов (ifishankulov@asiaplus.tj), Бахтиёр Ҳошимов (agency@asiaplus.tj).
Ба мундариҷаи мӯҳтаво
XII. МАКТАБИ МУСТАҚИЛИ РӮЗНОМАНИГОРИИ «ТОҶИКИСТОН АСРИ XXI»
-
Баргузории тренинг ва семинарҳо барои рӯзноманигорон ва котибони матбуотӣ;
-
Созмон додани нишасти матбуотӣ ва мизҳои мудаввар;
-
Пешниҳоди компютер ва таҷҳизоти зарурӣ барои корбарии рӯзноманигорони Тоҷикистон;
-
Китобхонаи соҳавӣ оид ба рӯзноманигории муосир.
Телефон барои маълумот: (+992 37) 238-53-15; 227-97-80; моб.: (+992) 919166770.
E-mail: media@school.tajik.net , safoisafar@mail.ru
Шахси масъул: Сафо Сафаров
Ба мундариҷаи мӯҳтаво |