Бо хоҳиши раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) ба ширкати хусусии ҳавопаймоии «Pactec International» ҷиҳати анҷоми бепули парвозҳо ба фурудгоҳи шаҳри Хоруғ алҳол иҷоза дод.

Тавре ба “Азия-Плюс” раиси ВМКБ Ёдгор Файзов иттилоъ дод, доир ба ин масъала ӯ ба Вазорати нақлиёт ва шахсони баландпояи ҷумҳурӣ (тибқи маълумоти манбаи “Азия-Плюс” - ба сарвазири кишвар, - эзоҳи идора) муроҷиат намудааст, то ки парвозҳо ба Хоруғ бидуни пардохти маблағ идома ёбанд.

“Мувофиқи қоида ва меъёрҳои байнулмилалӣ, ҳамаи ширкатҳои ҳавопаймоӣ барои хизматрасонӣ бояд ба фурудгоҳҳо маблағ пардохт намоянд, ширкати «Pactec international» низ. Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе ин маблағро 101 доллар барои 1 нишаст муқаррар намуда, аммо нархи билет бе ин ҳам 1100 сомониро ташкил дода, дар сурати пардохти маблағ ба фурудгоҳ, он боз болотар мерафат”, - гуфт раиси вилоят.

Ёдгор Файзов изҳор намуд, ки айни замон ширкат барои пардохти чунин маблағ пул надорад ва аз ин рӯ, ба шахсони воломақом ва масъули ин соҳаи кишвар муроҷиат шуда, дар натиҷа ФБД ба додани иҷозаи парвозҳои ширкати «Pactec International» ба Хоруғ бе пардохти маблағи зикргардида розӣ шуд.

Дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе ба “Азия-Плюс” тасдиқ намуданд, ки дар мувофиқа бо ҳукумат ба ширкати «Pactec International» ҷиҳати анҷоми парвозҳо ба Хоруғ иҷоза додаанд.

Ширкати «Pactec International» охири ҳафтаи гузашта дар бораи оғози парвозҳо аз фурудгоҳи Фахробод ба шаҳри Хоруғ ду маротиба дар як ҳафта - рӯзҳои сешанбе ва панҷшанбе хабар дода буд. Ҳавопаймои ширкат барои 6 нафар мусофирон пешбинӣ шуда, билетҳоро дар дафтари кории ширкат метавон дастрас намуд. Барои кӯдакони синни то 2-сола парвоз бепул аст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.