Ӯ ба дунё омад.

Ӯ бо равзанае, бо баландие, бо фикре, бо тарсе, бо ғаме, бо андӯҳе, бо нигоҳе ба дунё менигарист, ки барои дигарон бегона буд.

Ӯ аз худ, аз табиат, аз мардум, аз сухан кардан, аз роҳ гаштан, аз нафас гирифтан, аз ханда кардан, аз бозӣ кардан ва аз калон шудан метарсид.

Ӯ бо чор девор ҳамнишин, ҳамсуҳбат, ҳампаҳлӯ, якҷоя... буд.

Ӯ ба касе кор надошт ва касе ҳам ба ӯ кордор шудан набуд.

Ӯ бо вуҷуди хостан, тавонистан ва орзу кардан, дар худ ҳиссе дошт, ки ба хостаҳо, тавонистанҳо ва орзуҳояш расид. наметавонист.

Ӯ дар худ нопуррагиро эҳсос мекард.

Ӯ худро кам мешуморид.

Ӯ ба синфи якум рафт.

Ӯ дӯст пайдо кард.

Шуғл пайдо намуд.

Ба каму кости худ кам аҳамият медодагӣ шуд.

Ва ӯ ба зиндагияш ранги дигар зам кард.

Акнун зиндагӣ маънои тоза пайдо намуд.

Ӯ дигар кори мекардагӣ дошт ва ин буд баҳонаи зистанаш.

Ӯ ҳоло рассом аст. Рассоми касбӣ.

Ӯ ҳоло 17 сол дорад.

Имсол мактаби миёнаро хатм намуд.

Довталаби коллеҷи рассомӣ аст.

Нақша дорад, ки баъди хатми коллеҷ дар Амрико таҳсилашро давом диҳад.

Ва ин ҳама аз бозгӯкунандаи умри як ҷавони 17-сола бо номи Нуриддинзода Мирзомиддин, ки аз кӯдакӣ маъюб аст.

Мо бо ӯ  дар майдончаи назди бинои истиқоматияш вохӯрда, суҳбат намудем.

- Ба Шумо рӯ ба рӯ шудан бо журналист ё журналистон чӣ маъно дорад?

- Рости гап, ман аз журналистон метарсам. Фикр мекунам, ки ба саволҳояшон дуруст ҷавоб дода наметавонам ё тавонам ҳам, худамро гум мекунам. Чунки онҳо яку якбора ба одам “ҳамла” мекунанд.

- Ин хел бошад беташвиш бош, зеро мо журналист нестем. Бо Шумо чанд дақиқа суҳбат карданием ва фикр мекунем, ки ин суҳбат мисли ҳамон суҳбатҳои ҳамсинф бо ҳамсинф, ҳамкурс бо ҳамкурс ва ҳамсоя бо ҳамсояро мемонад.

- Дилпур шуда истодааст... Биёед сар мекунем.

- Зиндагӣ аз чиҳо иборат буда метавонад?

- Ин вобаста аст аз он ки мо аз чиҳо зиндагиамонро сохтан мехоҳем. Масалан, аз ман зиёдтар аз рангҳо иборат аст.

- Рассомӣ яъне чӣ?

- Бо рангҳо зистан.

- Оё меарзад, ки як умри ҷавонро ба рангҳо бубахшӣ?

- Бале, ҳатто мекунад.

- Аз куҷост ин дӯстдорӣ, муҳаббат ва самимият?

- Неъмати Илоҳӣ

- Расмҳои Шумо дар худ чиро нишон медиҳанд?

- Зиёдтар табиатро.

- Аз табиат чӣ мехоҳед?

- Нерӯ, қудрат, тавоноӣ, ишқ, муҳаббат, зебоӣ...

- Медонед, ки ин ҳамаро ба Шумо дода наметавонад?

- Оре, вале ба ин дурӯғ бовар кардан бисёр хуш аст.

- Боз чӣ мехоҳед?

- Кӯҳҳои осмонбӯси кишварамро муаррифӣ кардан.

- То ҳол чанд маротиба намоиши аксҳоятонро баргузор кардаед?

- Як маротиба.

- Дар он чанд расматонро ба намоиш гузоштед ва оё харидор пайдо намуданд?

- Дар он ҷо 10 расми калонамро ба намоиш гузоштам, ки аз онҳо 5-тоашро фурӯхтам.

- Як расми Шумо чӣ қадар арзиш дорад?

- Аз 500 сомонӣ поён.

- То ҷое мо хабар дорем, Шумо портрет намекашед. Чаро?

- Хонагиҳо намемонанд, дар дини мо расми одамро кашидан гуноҳ аст.

- Агар ба Шумо барои як портрет 500 сомонӣ пешниҳод кунанд чӣ мегӯед?

- Не мегӯям.

- 1000 сомонӣ?

- Рад мекунам.

- 1500 сомонӣ ?

- Намешавад.

- 2000 сомонӣ?

- Намедонам.

- 3000 сомонӣ?

- Фикр мекунам...

- 5000 ҳазор сомонӣ?

- ...

1/5

- Ман ҳанӯз аз аввали суҳбат дар ҷустуҷӯйи монандии Шуморо бо шодравон Муҳиддин Олимпур меҷустам ва бисёр хурсандам, ки ин монандиро пайдо кардем, Шумо ҷавоби ӯро додед.

- Ташаккури зиёд!

- Оё нақша надоред, ки барои ягон филми тасвирӣ расм кашед?

- Дорам, бисёр мехоҳам, ки афсонаи “Духтараки Нозанин”-ро давом диҳам. Баъзе маъюбоне ҳастанд, ки дар кунҷи хона нишаста, хоҳиши бо ягон кас муошират кардан ё кӯшиши амалӣ кардани орзуҳои худро надоранд. Онҳо бо фикре мезиянд, ки кай дақиқаҳои умрашон ба охир расаду аз ин дунё раванд, вале охир зиндагӣ чунин маъно надорад ва барои ҳамту гузаронидан ба мо дода нашудааст. Ман нишон додан мехоҳам, ки як лаҳза ҳам бошад, бояд барои зиндагӣ кардан талош кунем, мубориз бошем, худрову атрофиёнро дӯст дорем, аз дастамон коре анҷом диҳем.

- Рӯз аз рӯз технология рӯ ба пешравӣ дорад, наметарсед, ки касби рассомӣ мемирад?

- Ман фикр мекунам, ки бо вуҷуди пешрафту тараққиёт, касби рассомӣ ҳеҷ гоҳ намемирад, зеро ҳар он чизе, ки бо дасти одамӣ бунёд меёбад, ҳамеша аз кори технология арзиши баландро дорост.

- Шумо ба суроғи илҳом меравед ё илмҳом худаш меояд?

- Ҳамеша ман ба суроғаш меравам.

- Кай ва куҷо меравед?

- Субҳу шом. Зиёдтар Варзоб, Боғи Ирам, лаби соҳил ва ҳеҷ набошад, пеши тирезаи хона.

- Як қисм маъюбон мисли Шумо нестанд, онҳо дар зиндагӣ танҳо мафҳумҳои ғам, андӯҳ, дард, танҳоӣ, ҳаққирӣ, нотавонӣ, дилсардиро  мешиносанд...

- Бахшиш пеш аз гапатон, як чизро бояд бигӯям, ки гуфтаҳои болоии Шумо дурустанд. Худо кунад, ки онҳо ислоҳ шуда, ба имконоти доштаашон бовар намоянд, зеро нобоварӣ ба худ ҳама мафҳумҳоро ба асоси зиндагии одам бадал мекунад.

- Аз давоми нафасҳо чиҳоро интизоред?

- Бисёр чиз ва яке аз онҳо дар Амрико таҳсил кардан аст.

Ӯ бар замми маъюб будан, ноумед нест.

Ӯ бар замми маъюб будан, зиндагихоҳ аст.

Ӯ бар замми маъюб будан, дили бузург дорад.

Ӯ бар замми маъюб будан, худрову зиндагиро дӯст медорад.

Ӯ бар замми маъюб будан, ба буду боши зиндагӣ арҷ мегузорад.

Ӯ бар замми маъюб будан, аз солимон дида зиёдтар шукр мегӯяд.

Мусоҳибон, Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ, Гулрӯ Калбодова махсус барои “Азия-Плюс”

P.S: 8-уми июл рӯзи умумиҷаҳонии маъюбон аст.