Хушунат, нофаҳмӣ, беадолатӣ, ҷанг ва офатҳои табиӣ ҳарсол сабаби гуреза шудани ҳазорон-ҳазор мардуми сайёра мегардад, ки ин ба ҳаёти аҳли башар бетаъсир намемонад.

Бесарпаноҳ ва гуреза шудани одамон сабабҳои гуногун дорад, аммо омилҳои асосӣ ҷанг, офатҳои табиӣ ва ба вуҷуд омадани нофаҳмиҳои сиёсӣ, буда, мардум маҷбур мешаванд, ки хонаву давлати худро тарк карда, дар мулки бегона кору зиндагӣ кунанд.

Дар Тоҷикистон низ кам нестанд нафароне, ки бо сабабҳои мудҳиш кишвари худро тарк карда, ин ҷо зиндагӣ мекунанд. Асосан гурезаҳои Тоҷикистонро шаҳрвандони Афғонистон ташкил медиҳанд, ки солҳои тӯлонӣ паноҳҷӯйи ин кишвар мебошанд ва табиист, ки бо мушкилиҳои гуногун рӯ ба рӯ мешаванд. Аммо бештари афғонҳое, ки дар Тоҷикистон ба сар мебаранд, хеле худро озоду осуда эҳсос мекунанд ва Тоҷикистонро зодгоҳи дуюми худ медонанд.

Шахсони паноҳҷӯянда, ки ба Тоҷикистон меоянд, тартиби расмии муайян кардани мақоми гурезаро доранд ва баъд аз қабули мақоми гуреза гирифтан, шаҳодатномаи онро мегиранд, ки ба онҳо ҳуқуқи қонунии зиндагӣ ва кор дар Тоҷикистонро медиҳад.

Яке аз ин нафарон бо исми Зардашт Саид Абдулҳафиз 38-сола мебошад, ки соли 2012 аз Афғонистон ба Тоҷикистон тағйири ҷойи зист кардааст. Зардашт, баъди гирифтани заминҳои ӯ дар Кундуз ва кушта шудани наздиконаш, ҳамроҳ бо ҳамсару фарзандонаш ба Тоҷикистон меояд.  Ӯ тӯли чанд сол аст, ки афғони муқими Тоҷикистон гаштааст ва бо оилаи худ инҷо зиндагӣ мекунад.

Мавсуф мегӯяд, дар аввал барои онҳо пайдо кардани ҷойи кор мушкил буд, лекин оҳиста-оҳиста ин мушкил рафъ гардида, имрӯз вай бо дузандагӣ аробаи зиндагиашро кашида истодааст.

Ӯ мегӯяд: “Рӯзҳои аввал вақте кор пайдо намудам, бароям хеле мушкил буд, чун забони русиро намедонистам. Заррина, ҳамкасбам дар омӯзиши забони русӣ ба ман хеле кӯмак кард ва хеле сипосгузорам аз ӯ. Ин касбро аз синни 14-солагӣ балад ҳастам ва дар Эрон онро омӯхтам. Он вақт ҳамроҳи волидайнам дар Эрон ба ҳайси паноҳҷӯй зиндагӣ мекардем”. 

Зардашт маблағи ба даст овардаи худро сарфакорона истифода бурда, пасандоз кард ва барои худаш мошинаи дарздӯзӣ харидорӣ намуд, ки даромади оилавиаш аз он вобастагӣ дорад. Ӯ имрӯз бо ду нафар дӯзандаи дигари тоҷик Малоҳат ва Марҳабо кор мекунад ва онҳоро аъзои ҷудонашвандаи оилаи худ медонад.

- “Зардашт хеле инсони хоксор ва меҳрубон аст. Дар ҳама ҳолат ҳамкорони худро дастгирӣ мекунад ва касби худро хеле дӯст медорад”, - гуфт Марҳабо, ҳамкасби ӯ.

1/2

Худи Зардашт орзу дорад, ки корхонаи шахсии дӯзандагии худро ташкил диҳад ва молҳои дӯхтаи худро дар дохил ва хориҷи кишвар ба намоиш ва фурӯш гузорад. Аммо мегӯяд: “Орзӯи аз ҳама муҳими ман ба мактаби олӣ дохил шудани фарзандонам аст, зеро ин кор боис мегардад, ки фардо ман аз онҳо ва онҳо аз ман ифтихор дошта бошанд”.

Қобили зикр аст, ки имрӯз, санаи 20-уми июн дар саросари дунё Рӯзи ҷаҳонии гуреза ҷашн гирифта мешавад. Тоҷикистон низ яке аз давлатҳои сарпаноҳ барои гурезаҳо ба шумор меравад, ки асосан шаҳрвандони Афғонистон мебошанд.