Хоҳ нохоҳ дар ҷомеаи мо ба мардикорон, ҳамон нафароне, ки дар маҳаллаиГипрозем бо селофану ҷувздонҳояшон ба умеди корфармое меистанд, ба чашми дигар менигаранд.

Хоҳ нохоҳ дар ҷомеаи мо ба нафароне, ки дар шафати бозори “Султони Кабир” бо асбобҳои кор мекардаашон меистанд, бо чашми “каҷ” нигоҳ мекунанд.

Хоҳ нохоҳ дар ҷомеаи мо ба афроде, ки дар маҳаллаи 82-юм бо чашми чор, дар офтоби “қарор” нишаста, ризқашонро интизор мешаванд, бо ангушт нишон дода, муносибати хуб намекунанд.

Вале оё касе аз мо боре фикри дар чӣ ҳолат будану чаро ба ин кори сиёҳ даст задани онҳоро кардаем? Оё боре андешидаем, ки чаро ҷавонон, мардон ва ҳатто пиронсолон дар маконҳои муайян ҷамъ шуда, қартабозӣ мекунанду дар баробари он хостори қутти лоямуте мешаванд? Оё боре фикр кардаем, ки онҳо кистанд, чаро дигар кор намекунанд, чӣ мушкилӣ доранд, бо чӣ алам зиндагӣ мекунанд? Пас аз мушоҳидаҳои серӯза ба хулосае расидем, ки касе дар фикри касе нест ва ин аст, ки камбағалон камбағалтар мешаванду бойҳо бойтар.

Субҳ. Кондуктори хатгарди №54 ҳар нафари ба чашмаш бархӯрдаро ба нишастан даъват мекунад. Дар нишастгоҳи охир, ки се ҷойи нишаст дорад, ҷо гирифтам. Ду нафар, ки яке селофани “тангем” ва дигаре ҷувздон доштанд, бо ҳам гапзадаву “чакка” партофта, ба мошин савор ва дар паҳлӯи ман нишастанд. Ҳамоно суҳбаташон давом меёфт ва лаҳзае ҳам садояшон паст намешуд. Вақти роҳкироро додан якеаш аз ҷайбаш як се сомона баровард ва гуфт: “як нафар”. Баробари аз кондуктор бақияашро гирифтан ҳамроҳаш ҳам роҳкирояшро “як нафар”-гӯён дароз  кард. Одатан дар мо баробари дар нақлиёти мусофирбар нишастан ҳамроҳон ҳар кадоме ба қадри имкон кӯшиш мекунад, ки роҳкироро диҳад, вале бо дидани чунин манзара бешубҳа пай бурдан мумкин аст, ки муаллифони садоҳои “як нафар” мушкилии иқтисодӣ доранд. Онҳо баъди пули бозори “Султони Кабир” фаромаданд. То ин дам аз ину он суҳбат карданд. Суҳбаташон “бӯйи” нодорӣ, тангдастӣ, камбизоатӣ... мекард.

Asia-Plus

Агарчӣ мо ба ҷойи лозимаамон ҳоло нарасида будем, вале аз пасашон фаромадем. Онҳо ба ҷое рафатанд, ки тақрибан 50 нафар парешон нишаста буданд. ба умеди чизе, касе, дастёре, ризқе, кӯмаке, коре...

Ин 50 нафар 5-10 нафарӣ ба гурӯҳҳо ҷудо шуда саргарми суҳбат буданд. Баробари мошине ба наздашон омадан, ҳамагӣ ба сӯяш медавиданд ва бо корфармо савдо мекарданд. Бешубҳа, метавон гуфт, ки он макон бӯйи дард, ноумедӣ, нокомӣ, тангдастӣ ва нодориро медиҳад.

Пас аз се рӯз

Пас аз се рӯзи он мушоҳидаҳо ба хулосае омадем, ки бори дигар мардони дар ташвиш буда, зери офтоб монда, ғӯтавари ғаму андуҳ буда...ро хабар бигирем.

“Ба ҳама кор розием ва аз дастмаон меояд, муҳимаш пулаш туғрӣ гирад”- аз дур садои мардикоре омад, ки рӯ ба рӯ бо  корфармое истода буд.

Баробари ист кардани ҳар мошин мардикорон ба сӯяш метохтанд. Корро фаҳмида нарх мегузоштанд. Корфармоён ба мисле, ки дар ауксион бошанд, корҷӯёнро аз рӯйи нархи кардаашон интихоб мекарданд. Ва кор то ҷое расид, ки кори 300 сомона дар 80 сомонӣ қабул шуду ба ҷойи се нафар корфармо як нафарро гирифта бурд.

Қазоват бар худи Шумост ва аммо бисёр мутаассифем, ки мо чунинему чунин ҳол дорем.