- Кай пай бурдед, ки ба мусиқӣ шавқу рағбат доред ва бояд сароянда шавед?

- Ба қиссаи холаам вақте ман шаш моҳ доштам, суруди “Гиждов дов -гиждов диж” месароидам. Дар хотирам ҳаст дар назди ҳавлиамон дар Кӯлоб дарахти калони тут буд ва дар зери сояи он мани сесола аз чӯб дутор омода карда, барои кӯдакону ҳамсояҳо суруд месароидам. Аҳли хонавода пай бурданд, ки истеъдоди сарояндагӣ дорам ва модарам ҳамроҳи бибиям бароям дар панҷсолагӣ бо номи “Куртаи чакан” аввалин суруд омода карданд. Ва бо ин суруд дар маҳфилҳо баромад намудам.  

- Меҳринигор оҳанг ё матни суруд эҷод мекунад?

- Аз соли 2010 ба навохтани гитор ва оҳангсозӣ низ шурӯъ намудам ва аввалин оҳанги эҷодкардаи ман суруди “Паррандаҳо” мебошад. Вақте оҳангро ба Орзу Исоев пешниҳод намудам, хеле тавсиф намуда, маро рӯҳбаланд гардонд, ки метавонам боз оҳангу сурудҳои хубтар эҷод намоям. Ва ман оҳанг эҷод мекардаму Орзу Исоев матнашро бароям омода мекард. Фикр мекунам маҳорати оҳангсозиям бештару хубтар гашт.  


- Шумо кадом сарояндаҳои эстрадиро гӯш мекунед?

- Имрӯзҳо бештар тарона ва сарояндагони ҳиндиро гӯш мекунам ва алоқамандӣ бо онҳо дорам, чун санъати онҳоро хеле дӯст медорам. Дар шоу бизнеси тоҷик ҳам ҳунармандони боистеъдод зиёд ҳастанд ва сурудҳои онҳоро гӯш мекунам. Яке аз сарояндагон бародарам Сафармуҳаммади Рустам ҳаст, ки тӯли як сол аст ба сурудхонӣ шурӯъ кардааст ва фикр мекунам як стили махсусро дорост. Бештар сурудҳои Зикриоллоҳ Ҳакимовро зиёд гӯш мекунам, чун ҳунарманди асил аст.

- Вақти холигии худро чӣ гуна мегузаронед?

- Вақте аз корҳо фориғ шудам, ҳатман телефони мобилиямро гирифта, аз шабакаҳои иҷтимоӣ дидан мекунам. Агар имкон даст диҳад, бо дӯстонам дар шаҳри зебоямон сайру гашт намуда, ба тамошои филм меравем. Беҳуда сарф кардани вақтро дӯст намедорам ва бештар ба офаридани оҳанг ва суруд машғул ҳастам.


- Дар таҷрибаи шумо ҳодисаҳои хандаовар рух додааст? Каме қисса мекардед.

- Ҳодисае дар зеҳнам нақш баставу ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешавад, дар донишгоҳ назди донишҷӯёну мардуми зиёд вақти фаромадан аз зинапоя афтидонам аст, ки худро хеле нороҳат эҳсос кардам. Ман зиёд меафтам, намедонам чаро? Чунки дар вақти ба навор гирифтани клип низ чанд маротиба афтида будам.

- Фаромӯшнашавандатарин лаҳзаи ҳаёти шумо кадом аст?

- Вақте ба Болливуд рафтам ва бо ҳунармандони ҳинд аз наздик шинос шудам, лаҳзаи фаромӯшнашавандаи ҳаёти ман аст, ки аз хурдӣ орзуи онро доштам. Фикр мекунам ба амалишавии орзуҳоям наздик шудам ва дар ҷодаи санъат бештар муваффақ гашта истодаам.

- Оё мухлисони шумо кори ғайриодиеро барои гирифтани дастхати шумо анҷом додаанд, ки дар хотираи шумо нақш баста бошад? 

- Чунин ҳолатҳо зиёд аст ва дар яке аз консертҳо мухлисони зиёде ҷамъ омада буданд ва дар вақти талаб кардани дастхат ва акс бардоштан остини куртаам дарида буд. Хеле хуб аст, ки модарам паҳлӯям ҳастанд ва мухлисонамро каме аз ман дур мекунанд ва модарам бо шӯхӣ ба онҳо мегӯянд, “духтарамро нафасгир накунед”.


- То муваффақ шуданатон чанд маротиба ноком шудед? Ва умуман ҳамин пайраҳаро чӣ гуна шарҳ медиҳед?

- Дар рӯзҳои аввали фаъолият дар ҷодаи санъат мушкилиҳо буд, чун худам низ хурд будам ва бо нокомиҳо рӯ ба рӯ мешудам. Ҳатто ҳолатҳое шуда буд, ки номи маро аз консертҳо хат мезаданд ва ё сабт мекарданду дар телевизионҳо нишон намедоданд.  Ҳолате низ буд, ки сурудамро мемонданду худам паси парда ва мегуфтанд сурудаш бошад, кифоя аст. Ҳамчунин дар озмунҳо ҷой мегирифтам, аммо мутаассифона, боз ҷойи ишғолнамудаамро ба дигар кас мефурӯхтанд. Бе мушкилӣ кор намешавад ва аз ин хотир ман рӯҳафтода нашуда, сурудхониро давом медодам. Шукр мегӯям, ки муваффақ шудам.

- Меҳринигор боре фикри аз саҳна дур шуданро кардааст? 

- Не, ҳеҷ гоҳ ин андеша дар сарам набуд ва нахоҳад буд. Чун бе саҳна, мусиқиву суруд ман ҳеҷам ва тасаввур карда наметавонам бе онҳо буданро. Ман аз сидқи дил ҳунари худро дӯст медорам ва эҳтиром мегузорам. Дар саҳна бузург шудаам ва пораи қалбам онҷост. Ва аз санъат ҷудо шуда наметавонам. 


- Агар ҳоло Меҳринигор сароянда набошад, боз дар кадом кор муваффақ мешавад?

- Фикр мекунам, аз уҳдаи дизайнерӣ (тарроҳӣ) ба хубӣ мебароям. Ва ҳатто ду маротиба ҳуҷҷатҳои худро ба Донишкадаи дизайнерӣ супоридам, аммо вақте хонавода розӣ набуд, ҳуҷҷатҳоро бозпас гирифтам. Ба андешаи бузургони хона, бояд аввал Консерваторияи миллиро хатм кунам. Баъди хатми Консерватория миллӣ боз ҳуҷҷатҳоямро ба ҳамон донишкада супоридам, аммо боз монеъ шуданд, ки бояд касби ҷиддӣ интихоб намоям. Ва факултаи ҳуқуқшиносиро хатм кардам, аммо ба орзуям нарасидам ва дизайнер нашудам.  

- Дар хурдӣ кӣ шудан мехостед сароянда ё дизайнер?

- Аз хурдӣ сароянда шудан мехостам ва танҳо бо маълумоти дуюм дизайнер шуданро орзу доштам. Бисёр рӯи сафҳа кашидани пироҳанро дӯст медоштам ва рассомӣ бароям хеле писанд буд.

- Чаро маълумоти дуюмро ҳуқуқшинос интихоб намудед?


- Хонаводаамон хостанд, ки маълумоти дуюми ман ҳуқуқшинос бошад. Барои донистани ҳуқуқҳои худ ва ҳимояи онҳо ин самт интихоб шуд ва пушаймон низ нестам. Гарчанде солҳои аввал барои худам чандон писанд набуд. Ҳунарманд, ки будам дар байни нафарони ҳуқуқшинос худро нороҳат эҳсос мекардам, чун таваҷҷӯҳ низ хеле зиёд буд. Баъди муддате одат кардам ва дигар мушкилӣ надоштам.

- Дар муваффақ шуданатон чӣ чизро сабаби асосӣ медонед?

- Сабаби асосии мувафақ шуданам дар ҷодаи санъат модарам аст. Агар модарам заҳмату кӯшиш намекарданд, шояд ман имрӯз Меҳринигори Рустам намешудам. Барои санъаткор шудан дастгирии бениҳоят бузург лозим аст. Бо модарам бисёр мушкилиҳоро паси сар кардем ва 19 сол мешавад, ки рӯи саҳна ҳастам. Аз модарам сипосгузорам, ки бо заҳмату талошҳои он кас ман дар ин ҷода муваффақ шудаму дар дохилу хориҷ аз кишвар маро мешиносанд.

- Дар зиндагӣ иштибоҳе кардаед, ки асло фаромӯшаш накунед?

- Инсон бе иштибоҳ намешавад. Иштибоҳҳо зиёд аст ва дар оянда бояд онҳоро такрор накунем. Инсон аз иштибоҳи кардаи худ таҷриба мегирад. Иштибоҳу хатогиҳои чандон сахту муҳиме накардам, аммо боз ҳам наметавонам онҳоро номбар созам. Вале ман чандон иштибоҳ намекунам, чун ҳамаи кори кардаам бо фикру андешаи мукаммал анҷом дода мешавад.


- Тавре маълум аст, шумо аз корбарони фаъоли Инстаграм ҳастед ва он ба шумо чӣ медиҳад?

- Имрӯз зиёда аз 448 ҳазор дӯст дорам ва дар байни ҳунармандон дар Тоҷикистон аз ҳама корбари фаъол дар ин шабака ҳастам. Чанд маротиба саҳифаи худро дар Инстаграм пок кардам, чунки баъзан шарҳҳое, ки навишта мешуданд, табъамро хира мекарданд. Баъдан Беҳрӯз Зеваров ба ман тавсия дод, ки дигар саҳифаи худро дар Инстаграм пок накунам, чун таблиғоти ройгон аст ва дар касб манфиати хуб меорад. Боз аз сари нав барои худ саҳифа кушодам ва агар се-чор маротиба саҳифаамро пок намекардам, шояд дӯстонам се маротиба беш мебуданд. Дӯстони ман худашон маро пайдо кардаанд. Бештари онҳо аз Австралия, Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон, Туркия ва дигар давлатҳо ҳастанд. Ман бо забонҳои хориҷӣ суруд месароям, дӯстонам аз тамоми дунё фаъол ҳастанд. Баъзеҳо ҳатто фикр мекунанд, ки дар Инстаграм ман дӯстони худро харидаам, аммо ин асос надорад ва дӯст надорам, ки  ҳунар, ҳаводорон ва мухлисони худро харида бошам. Дӯст дорам ҳамаи чизеро, ки табиӣ сурат бигирад. Инстаграм дар корҳои эҷодиям нақши муҳим мебозад.

- Даромади шумо аз Инстаграм?

- Пешниҳодҳо зиёд мешаванд, ки таблиғотҳоро дар саҳифаи худ ҷо бидиҳам, аммо ман  барои маблағ ҳар гуна таблиғотро дар саҳифаам ҷо намедиҳам. Бештар таблиғотҳоеро, ки барои ҷомеа муфид ҳастанд, бо шартнома ва сифати хуби видеоӣ дар саҳифаи худ мегузорам. Маблағи таблиғотҳо фарқ доранд ва нархи муайяне надоранд.

- Ба онҳое, ки тоза ба сурудан оғоз мекунанд, чӣ тавсия медиҳед?

- Пеш аз ҳунарманд шудан бояд фикри хубу амиқе дошта бошанд, ки ҳунарманди асил шудан хеле мушкил аст ва пастиҳову баландиҳои худро дорад. Баъзеҳо фикр мекунанд, ки ҳунарманд шудан хеле осон аст. Аммо барои сароидани як суруд ва ба навор гирифтани клип моҳҳо бояд кор кард, то як чизи хубе ба мухлисон пешниҳод намоӣ. Ҳамчунин истеъдод роли муҳимро дар санъат мебозад. Барои ҳунарманд шудан агар 50%  маблағ барои пеш бурдани кор лозим бошад, 50 %-и дигар истеъдод аст. Дар Тоҷикистон бисёр мушоҳида мекунам,  баъзан ҳунармандоне, ки истеъоди хуби сарояндагӣ надоранд, зиёд шудаанд. Ҳунарманд бояд донад, ки суруди босифат ва хуб сарояд ва Тоҷикистонро дар сатҳи байналмиалалӣ дар хориҷ муарифӣ намояд. Мо чунин истеъдодҳо дорем, аммо шояд барои омода кардани суруд имконияти молӣ надоранд ва сарояндаҳое, ки садои хуб надоранд, нисбат ба онҳо зудтар машҳур мешаванд. Умедворам, ки санъати тоҷик боз ҳам рушд ва ҳунармандони асил, ки номашон дар таърих бимонад, бештар мешаванд.


- Шумо дар кадом озмуну чорабиниҳои байналмилалӣ иштирок намудед ва ба кадом давлатҳо сафар доштед?

- Банда Тоҷикистони азизамро дар бисёр давлатҳои ҷаҳон, дар озмунҳо, чорабиниҳо, конфронсҳо муаррифӣ намудаам. Бо сари баланд метавонам бигӯям, ки бо ҳунари худ ҳамаро тасхир кардам. Аз ҷумла бо сурудҳо, пироҳани тоҷикӣ, забондонии худ. Умедворам, ки дар оянда низ Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ муарифӣ намоям. Вақте дар Ҳиндустон будам, бештари онҳо дар бораи давлати мо маълумот надоранд ва ман дар баромади телевизионии худ тавонистам Тоҷикистонро бо ҳунари худ муаррифӣ намоям. Мо ҷавонон бояд дар пешравии давлату миллати худ саҳм гузорем ва кӯшишу ғайрат дошта бошем.    

- То имрӯз чанд албоми худро ба мухлисон пешниҳод намудед?

- Имрӯз чор албоми худро таҳия кардаам. Вале то имрӯз консерти худро барпо накардаам ва сабаби асосиаш дар он аст, ки саҳнаи мувофиқ барои худ наметавонам пайдо кунам. Орзу дорам, ки дар давлати мо як толори бошукӯҳе сохта шавад, ки консерти худро тавонам барпо созам, ки ҳамаи мухлисонам ҷо бигиранд. Консерт бештар дар хориҷ баргузор мекунам. Бо ҳунармандони ҳиндӣ ҳамкорӣ дорам. Аз Тошканд бо Роберт Мирзаян, Лидия Андрей ва бо Редеун Дере компазитор аз Марокаш, ки бо ӯ бозхонӣ низ кардем, ҳамкорӣ дорам. Ҳамчунин бо продюсери худ, ки модарам ҳастанд, ҳамкории хуб дорам. Дар дохилии кишвар бо Орзу Исоев, Даврон Раҳматзод, Эҳсони Аъзамиён ва Азим Ҳикматуллоев ҳамкории хуб дорам. Дар ҷодаи санъат мехоҳам, ки репертуарам гуногун бошад ва якранг буданро дӯст намедорам. Чун мардум ҳамаи рафтори ҳунармандро аҳамият медиҳанд ва мо низ бояд гуногун бошем, то ки моро бештар бипазиранд.

- Машҳур будан ба рафтори шумо таъсир кардааст?

- Албатта, вақте санъаткор мешавӣ, аз баъзе корҳо даст кашида, эҳтиёткор мешавӣ. Масалан, ҳарҷо бояд наравӣ, ҳамагуна ҳарфу рози худро бояд қисса накунӣ, дар пӯшидани либос, рафтор ва сухан гуфтан бояд ҷиддӣ бошӣ. Кӯшиш мекунам, ки ба хатогие роҳ надиҳам ва ман, ки одами ҷамъиятӣ ҳастам, мардум ба ман бисёр таваҷҷӯҳ ва аҳамият медиҳанд. Кӯшиш мекунам дар байни ҷавонон намуна ва дар ҷодаи санъат муваффақтар бошам.  Модарам, ки ҳамроҳам ҳастанд, бисёр назорат мекунанд, ки кадом кор ва барнома, суруд, пироҳан бароям хуб аст ва кӯмак мерасонад дар ин самт.

- Атрофиён мувафақияти шуморо чӣ гуна мепазиранд?

- Дар шоу-бизнес рақобату бахилии зиёд дида мешавад ва мебояд асаби мустаҳкам дошт, то ҳамаи онҳоро таҳаммул намоӣ. Ростӣ, рақобатҳои носолимро дӯст намедорам ва ҳарос низ надорам аз онҳо. Дар самти интихобкардаи мо бояд бо суруд ва мусиқии хуб рақобат бикунанд, ки аз ман хубтар онро сароянд ва ман ҳаминро қабул дорам. Аммо ҳар чизе, ки дар бораи ман ё аз паси ман мегӯянд, қабул надорам. Банда бо ҳунармандони тоҷик рақобат надорам ва намехоҳам дошта бошам, чун танҳо рушду пешрафти онҳоро мехоҳам.  


- Дар ҳама кору фаъолият бо мушкилӣ рӯ ба рӯ шудан имкон дорад. Мушкилиҳои роҳи тайнамудаи шумо кадомҳоянд?

- Мушкилиҳо зиёд буд ва ҳамаи онҳо паси сар шуд. Ва баъзан бо суханҳои ноҷо руҳафтода мешудам. Шояд ҳамин мушкилиҳо буд, ки ман аз онҳо наҳаросида, боз ҳам ҳунару истеъдоди худро такмил додам.

- Орзуи ҷомаи амал напӯшидаатон?

- Орзу ва амалӣ кардани онҳоро дӯст дорам. Ман хеле  ҷасурам ва назди худ ҳадаф мегузорам, ки орзуҳоям бояд амалӣ шаванд.

- Меҳринигор оиладор ҳаст?

- Не. Барои ҳунарманд шавҳар кардан каме душвор аст, бахусус дар Тоҷикистон. Ман бисёр нозукбину одамшиносам. Ва то ҳол дӯстписар низ надорам. Албатта, оила доштан барои инсон хеле муҳим аст, вале орзу дорам, ҷавоне пайдо шавад ва маро ҳамин тавре ки ҳастам, қабул намояд.  Дар интихоби ҳамсар саросема нестам ва мебинам оилаҳо имрӯз хеле базудӣ пош мехӯранд. Ман мехоҳам бо нафаре издивоҷ кунам, ки тамоми умр паҳлӯи ҳам бошем.  


- Агар орзуст, пас бояд нақша ҳам бошад, чӣ нақшаҳо доред, дар оянда?

- Дар оянда нақша дорам консерти худро барпо намоям ва оиладору соҳиби фарзанд  шавам. Баъдан нақша дорам, мактаби продюсерии “Меҳринигор”-ро таъсис бидиҳам, ки истеъодоҳои ҷавонро дастгирӣ намоям.

Маълумотнома:

Меҳринигори Рустам, 14 октябри соли 1994 таваллуд шудааст.  Аз синни панҷсолагӣ ба сурудхонӣ шурӯъ карда, тӯли 19 сол мешавад, ки санъаткор аст. Дар мактаби мусиқии ба номи  Миратулло Атоев (пештар ба номи Малика Собирова буд) то синфи шаш таҳсил намуда, аз синфи 7 то 11 дар мактаби байналмилалии шаҳри Душанбе таҳсил кардааст. Дар Консерватория миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов ҳамчун овозхони академӣ таҳсил карда, ду консерти операвӣ низ баҳри мухлисонаш пешкаш намудааст. Соли 2016 барои гирифтани маълумоти дуюм ҳуҷҷатҳои худро ба факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ супорида ,онро низ хатм кардааст. Меҳринигор дорандаи ҷоизаи фестивал ва барномаҳои зиёд буда, тез-тез дар консертҳои дохил ва хориҷи кишвар ҳунарнамоӣ мекунад.