Давоми рӯзҳои аз 13 то 16 июн ҳайатҳои воломақоми 27 кишвари дунё ба Душанбе ташриф меоранд, ки миёни онҳо 12 нафар сарони кишварҳо ҳузур хоҳанд дошт.

Вазорати корҳои дохилӣ бинобар сабаби баргузории чорабинии сатҳи баланди байналмилалӣ - Нишасти панҷуми сарони кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки як муддат боиси маҳдуд гардидани ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар шаҳри Душанбе мегардад, аз сокинону меҳмонони пойтахт маъзарат мехоҳад.

Дар эълони Вазорат дар ин робита қайд мешавад, ки рӯзҳои 13-16-уми июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баъзе маҳдудиятҳо барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт вобаста ба баргузории чорабиниҳои шаҳрдорӣ амалӣ карда мешаванд.

Гуфта мешавад, дар ин рӯзҳо маҳдудияти ҳаракати воситаҳои нақлиёт тавассути кӯчаву хиёбонҳои М.Мастонгулов, А.Дониш, С.Айнӣ, Рӯдакӣ, Сомонӣ, Теҳрон, Шероз, М.Турсунзода, У.Хайём, Ҳувайдуллоев, Ганҷавӣ, Карамов ва М.С.Алии Ҳамадонӣ, роҳҳои автомобилгарди Душанбе-Чаноқ, Душанбе-Турсунзода, Душанбе-Кӯлоб ва Душанбе-Лахш, ба роҳ монда мешавад.

Зимнан аз шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки дар ин рӯзҳо тавассути кӯчаҳои Зебуниссо, Дӯстии Халқҳо, Н.Муҳаммад, Лоҳутӣ, Адҳамов, Ғ.Валаматзода, М.Назаршоев, Бухоро, Бохтар, Академик Раҷабовҳо, Ҳ.Шерозӣ ва дигар роҳҳои таворавӣ (объезд) ҳаракат намоянд.

Ёдрас мекунем, ки ҷиҳати иштирок дар кори нишасти Душанбе сарони 12 давлат - Чин, Русия, Эрон, Озарбойҷон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Бангладеш ва Шри-Ланка ба Душанбе ташиф меоранд. Боз 15 кишвари узви МҲТБО-ро сарвазирону муовинони онҳо ва вазирони корҳои хориҷӣ намояндагӣ мекунанд. Аз кишвари ҳамсояи Афғонистон нахуствазири ин кишвар Абдулло Абдулло дар ин нишаст ширкат хоҳад варзид.

Ба ҷуз иштирок дар кори нишаст, дидору гуфтушунидҳои дуҷонибаи сарони ҳайатҳо низ ба нақша гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.