Солҳои охир бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи шаҳрдорӣ барои ташкили истироҳат ва фароғати кӯдакон ва наврасон дар назди муассисаҳои таълимӣ, ҳамчунин биноҳои истиқоматӣ майдончаҳои истироҳатию солимгардонӣ ва варзишӣ сохта ва ба истифода дода мешаванд. Масалан, то охири соли 2018 дар ҳудуди шаҳри Душанбе зиёда аз 92 адад чунин иншоотҳо бунёд гардид ва масъулин уҳдадор карда шуданд, ки то таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатӣ боз 58 адад чунин майдончаҳои наву замонавӣ сохта ва ба истифода дода шаванд.

Албатта, ин иқдом боиси хушнудӣ ва қаноатмандии қабл аз ҳама сокинони пойтахт аст, чун солҳои охир аксари чунин маконҳои фароғатию истироҳатӣ аз байн рафта, ё ба харобазор табдил ёфта буданд ва ё бо мақсадҳои дигар истифода мешуданд.

Бо иқдоми наҷиби раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ имрӯз дар қатори дигар ободкориҳо сари ҳар қадам чунин маконҳои зебову назарраборо мушоҳида кардан мумкин аст. Тавре гуфтем, аксар чунин майдончаҳо, ки бар асари бепарвоии масъулон солҳои зиёд бенигоҳубин мондаву ба харобазор табдил ёфта буданд, аз нав таъмиру таҷдид гардиданд, ки ҳам ба ҳусни шаҳр ҳусни нав меафзоянд ва ҳам макони хубу мувофиқанд барои машғулият ва бозию фароғати кӯдакону наврасон. Айни ҳол даҳҳо чунин майдончаҳои назди биноҳои маъмурию маишӣ дар пойтахт кушода шудаву амал мекунанд, ки ҳамарӯза кӯдакону наврасони зиёд дар соатҳои фориғ аз таҳсил дар он ҷойҳо бо ҳар гуна машғулият ва бозиҳо машғуланд. Аслан чунин майдончаҳо ҳамеша серодам ба назар мерасанд, чун на танҳо хурдсолон, балки калонсолон низ дар вақти холии худ барои истироҳату дамгирӣ ба чунин майдончаҳо ташриф меоранд.

Бешубҳа, барои аксар сокинону меҳмонони пойтахт ва хосса барои кӯдакону наврасон дидани чунин гӯшаҳои ободу зебои диёр хушу гуворост. Аммо боз ҳам ёфт мешаванд нафароне, ки бо муносибати хунукназарона ва рафтори берун аз доираи ахлоқи худ табъи ҳар бинандаро хира ва хотирашро ошуфта месозанд.

Asia-Plus

Яке аз чунин майдончаҳои наву замонавӣ дар маҳаллаи 101-уми ноҳияи Синои пойтахт бунёд ёфтааст. Он каме дуртар аз роҳи наву замонавии бо ном “Эстакада”, ки дар маҳаллаи 82-юми пойтахт бунёд гардидаву аз мавзеъҳои зеботарини шаҳр маҳсуб меёбад, ҷойгир шудааст. Ин майдонча барои истироҳату фароғати кӯдакону наврасони сокини ин маҳаллаҳо пешбинӣ гардидааст, ки ҳамеша пур аз бачаҳои машғули бозӣ аст. Он агарчанде дар ҳудуди начандон фарох бунёд ёфта бошад ҳам, вале хеле бомаҳорат ва бо шаклу усули зебову замонавӣ сохта шудааст. Дар дохили майдонча қад-қади роҳравҳо харакҳо барои нишастани волидон гузошта шудаву дар гӯшаҳои гуногун асбобу дастгоҳҳои бозиҳои кӯдакона, ҳамчунин майдончаи алоҳида барои волейболу баскетболбозӣ ҷойгир шудаанд. Майдонча бо панҷараҳои мустаҳками оҳанин деворбандӣ шуда, атрофи он бо мақсади таъмини рӯшноии шабона бо қандилу чароғҳо оро дода шудааст.  

Аз бунёди ин майдонча муддати начандон тӯлонӣ гузаштааст, аммо аллакай дар он осори дасти авбошони “ҳунарманд” ба чашм мерасад, ки бо “заҳмат”-и зиёд, шояд ба хотири лаҳзае дилхушии худ, ҳарфҳои болои даромадгоҳи майдончаро канда партофтаанд. Рӯзҳои аввали бунёди майдонча болои даромадгоҳи он бо ҳарфҳои зебову хоно навиштаҷоти “Майдончаи варзишӣ” насб шуда буд. Чанде қабл вақте гузорам аз назди ин майдонча афтод, ин навиштаҷот болои даромадгоҳ ба назарам расид: “айдончаи арз”. Яъне мисли он ки ҳарфҳои дигари он навиштаҷот ба нафаре лозим шуда бошад, онҳоро бо маҳорати хосса канда гирифтаву миқдореро барои дигарон боқӣ гузошта буд. Аммо вақте бори дигар аз ин кӯча ва аз назди ҳамин майдонча мегузаштам, манзараи хандахаришеро дидам, ки хеле нороҳаткунанда аст. Аз навиштаҷоти  болои даромадгоҳ танҳо ду ҳарф он ҷо боқӣ монда буду халос, яъне “ча”... Ҳамчунин қуттиҳои холишудаи об, пасмондаи хӯрок ва ҳар гуна шириниҳо бетартибона ҳар тараф мехобиду “аҳли нишаст”-ро аз ин парвое набуд.


Аз ҳама аламовар ин аст, ки ҳамарӯза ашхоси синну сол ва касбу кори гуногун дар ин майдонча ва гирду атрофи он гаштугузор мекунаду касеро аз ин бемаънигӣ парвое нест. Барои касе муҳим нест, ки ӯ дар майдончаи фароғатӣ сайр мекунад, ё дар минтақае бо номи “ча”. Ман ҳатто аз якчанд калонсолони дар ин майдонча сайркунанда пурсидам, ки назари онҳо ба чунин табоҳкории фарзандон чӣ гуна аст. Аммо агар бархе ҳавсалаи ба суоли мо ҷавоб гуфтанро надошта бошад, нафари дигар он ҳарфҳои “бечора”-ро ҳатто пайхас накардааст.

Мо дар баробари масъулини шаҳрдорӣ волидонро гунаҳкор меҳисобем, чун маҳз бар асари бепарвоиву хунукназарии онҳо фарзандони эшон ба ҳар гуна аъмоли зишту харобиовар даст мезананд. Ва бешак, ҳама гуноҳҳои бузург аз ҳамин гуна вайронкориҳои кучак сарчашма мегирад.

Суоле ба миён меояд, ки чаро бархе аз волидон нисбати тақдири ояндаи фарзандони худ то ин андоза бемасъулиятӣ зоҳир мекунанд? Магар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар... танҳо барои як доираи муайяни шаҳрвандон асту халос? Чаро аъмоли наврасону ҷавонони оворагарду дайду дар дохили шаҳр ва бепарвоии волидони онҳо беназорат ва беҷазо мемонад? Чаро мо бетарафиро меъёр мешуморем? Чаро шаҳрнишиниро масъулият намеҳисобем? Чаро? Ва боз чандин чароҳои дигар, ки посух мехоҳанд....