Роҳсозони филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» (IRS) дар Тоҷикистон ба корҳои таъмиру қитъаи роҳ дар минтақаи Варзоб пардохтанд. Дар ин қитъа таъмири асосӣ (куллӣ)-и 11 километр роҳ ба нақша гирифта шуда, баҳри хушсифат иҷро шудани корҳо, 65 адад техникаву механизм, ҳамчунин 185 нафар устоҳои роҳсоз ҷалб шудаанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ширкати IRS, тибқи талаботи бахши роҳсозӣ дар навбати аввал асфалти осебдидаи роҳ бартараф, минтақаҳои фурӯрафта барқарор ва сипас роҳ яклухт асфалтпӯш карда мешавад.

“Ба шарофати масъулиятшиносӣ ва меҳнати пурмаҳсули кормандони филиали Ширкати зикршуда дар муддати кӯтоҳ асфалти роҳ дар қитъаҳои вайроншудаи роҳ бартараф гардида, мумфаршкунии яклухти роҳ оғоз гардид”, - омадааст дар маълумот.

Гуфта мешавад, таъмири роҳ бо истифода аз асфалти босифат ва дигар масолеҳи сохтмон ҷараён дошта, бо ин мақсад бояд зиёда 16 ҳазор тонна асфалт харҷ шавад.

Мо ба Варзоб рафта, аз ҷараёни ин корҳо аз наздик шинос шудем.

1/14

“Далелҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки таъмиру таҷдид аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ширкати IRS маҳсуб ёфта, муносибат ба он хоса аст. Масъулиятшиносии кормандони филиали Ширкат дар робита ба ин масъала хеле баланд буда, баробари ба вуҷуд омадани вайроншавии кучактарин дар роҳи Душанбе-Чанок бетаъхир чораандешӣ мешавад”, - қайд мешавад дар хабар.

Зикр мегардад, ки дар мавсими имсола  доираи фаъолият хеле васеъ гардида, тасмим гирифта шудааст, ки  зиёда аз 50 километр роҳ таъмири куллӣ  ва зиёда аз 100 километр таъмири ҷорӣ шавад ва илова бар ин, ояндаи наздик пурра нав намудани пироҳани роҳ (манзур асфалти роҳ аст) аз авлавиятҳои роҳбарияти филиали Ширкат мансуб мешавад.

“Иқдоми мазкур идомаи мантиқии ибтикори қаблӣ буда, шаҳодати он аст, ки азми роҳбарият ва кормандони филиали Ширкат баҳри нигоҳдории роҳи мавриди назар қавӣ ва нияташон нек аст. Бо мақсади эҷод накардани монеа, босуръат ва дар сатҳи хубу сифати баланд пеш рафтани ин раванд шурӯъ аз 29 майи соли равон то анҷоми таъмири роҳ аз соати 9:00 то 20:00 ҳааркати тамоми намуди нақлиёти боркаш боздошта шуд”, - гуфта мешавад дар маълумоти ширкат.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.