Имрӯз Сайф Раҳимзоди Афардӣ – яке аз нависандагони навовар ва филмбардорони моҳири тоҷик зодрӯз дорад. Ӯ соли 2000-ум дар назди хонааш кушта шуд ва пас аз 18 соли ин куштор адибон мегӯянд, ки насри тоҷик нависандаи фавқулодда боистеъдодро аз даст дод.

Сайф Раҳимзоди Афардӣ намояндаи адабиёти солҳои охири садсолаи гузаштаи тоҷик буд, ки бо сабку услуб ва андешаю фалсафаи нав вориди адабиёт шуд. Аз аввалин қиссаи эъҷодкардаи ӯ, ки “Ситораҳои сари танӯр” ном дошт, маълум гардид, ки Сайф Раҳимзод тарзи нигориши хос дорад. Ҳамин навгониҳои воридкардаи ӯ буд, ки Сайф Раҳимзод зуд шинохта гардид ва хонандагони зиёд пайдо намуд. Баъдтар ӯ ин маҳорати худро сайқал дода, бо гузашти солҳо ва андӯхтани таҷрибаи бештар, ба воқеияти зиндагӣ аз назари фалсафӣ назар мекард ва ин руҳия дар асарҳои солҳои охир офаридаи ӯ эҳсос мешавад.

Равшан Махсумзод, мудири шуъбаи насри Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мегӯяд, ки Сайф Раҳимзод намояндаи насли нави нависандагони тоҷик аст, ки солҳои 1980-ум ба миён омаданд ва сабку услуби хоси худро пайдо карда, ба адабиёти тоҷик дигаргуниҳои зиёд ворид намуданд.


- Ҷонибек Акобиров, Муҳаммадзамони Солеҳ, Баҳманёр ва Сайф Раҳимзоди Афардиро метавон насли нави адибони тоҷик номид, ки кӯшиш карданд, то ба адабиёт навгонӣ ворид намоянд. Аз ҷумла, мавзуҳое, ки Сайф Раҳимзод ба он даст задааст ҷолиб аст. Услуб, забон, тарзи баёни ӯ фарқкунанда аст. Ӯ зиёд мехонд ва аз ин сабаб, дар эъҷодиёти Сайф Раҳимзод равияҳои модернизм, символизм, реализм мушоҳида шавад ҳам, ба осонӣ метавон дарк кард, ки сабку услуби ӯ аз дигарон фарқ мекунад. Аз нахустин қиссаи Сайф Раҳимзод “Ситораҳои сари танӯр” маълум мешавад, ки ӯ услуби хоси худро дорад,-иброз менамояд Равшан Махсумзод.

Воқеан, қиссаи “Ситораҳои сари танӯр”, ки аз аввалин асарҳои эҷодкардаи Сайф Раҳимзод ба ҳисоб меравад, дар муддати кӯтоҳ машҳур шуд. Мунаққидон бештар ба образҳои дар ин асар тасвиркардаи Сайф Раҳимзод, хислату рафтор ва олами ботинии қаҳрамонҳои он таваҷҷуҳ карда, махсус зикр мекунанд, ки нависанда бо офаридани ин қаҳрамонҳо ва образи онҳо самимият, меҳру муҳаббати мардуми тоҷикро ба таври барҷаста тасвир намудааст.

Равшан Махсумзод мегӯяд, ки дар ин асар Сайф Раҳимзод вожаҳоеро, ки дар манотиқи гуногуни кишвар истифода мекунанду камистеъмол аст, ёфта истифода кардааст. Ҳамчунин, ӯ олами маънавии инсон, махсусан кӯдаконро бо маҳорати ҷолибе тасвир намудааст, ки ин асарро боз ҳам хонданӣ менамояд.

- Тасвири олами беғаши кӯдакон бисёр душвор аст, аммо Сайф Раҳимзод тавонистааст, ки дар образи Нӯшин самимият, зудборӣ, меҳру муҳаббати беғаш ва умуман, дунёи беолоиши кӯдакро тасвир намояд. Ба фикри ман, нависанда мехост гӯяд, ки одамон ба ҳамон духтараки беғашу бе кина монанд бошанд,-мегӯяд Равшан Махсумзод.

Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ ин андешаро тақвият дода мегӯяд, ки Сайф Раҳимзод воқеан бо махсусияти фавқулоддаи эъҷодӣ ва сабку услуби хос вориди адабиёт шуд, ки барои аксари хонандагон ҷолиб буд.


- Ҳарчанд Сайф Раҳимзод бештар ба наср таваҷҷуҳ дошт, аммо дар ҳикояву қиссаҳояш ӯ воқеаву ҳодисаҳоро шоирона тасвир менамуд, зеро тафаккури шоирона дошт. Аз хондани эъҷодиёти ӯ кас хаста намешавад. Тахайюлоти бою рангин дошт. Аз ҷиҳати сабку услуб Сайф Раҳимзод шояд танҳо бо Баҳманёр умумияте дошта бошад. Маҳз ҳамин сабку услуби хос ҷойгоҳи Сайф Раҳимзодро дар адабиёти тоҷик ҷовидонӣ гардонд.

Маврид ба зикр аст, ки Сайф Раҳимзод дар баробари нависандаи моҳир будан, инчунин ба филмофарӣ низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекард. Филми “Ситораҳои сари танӯр”, ки дар асоси қиссаи ҳамноми эъҷодкардааш ба навор гирифтааст, маҳорати хуби филмофарии Сайф Раҳимзодро ошкор намуд. Ин филм имрӯз ҳам тамошобинони худро дошта, байни мардум шуҳрат ёфтааст.

Сайф Раҳимзоди Афардӣ дар баробари эъҷодкор будан, инчунин дар вазифаҳои пурмасъулияти давлатӣ фаъолият намудааст. Ӯ аз соли 1997 то охирин лаҳзаҳои умараш дар вазифаи раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон кор мекард. Шаби 20 майи соли 2000-ум Сайф Раҳимзод дар даромадгоҳи хонааш кушта шуд. Сабаби кушта шудани ӯ то ҳол маълум нест.

Гулназар Келдӣ мегӯяд, ки чанд рӯз пеш аз кушта шуданаш бо Сайф Раҳимзод дар бинои Кумитаи радио ва телевизион мулоқот доштааст: “Ӯ то нимашаб нишаста, тамоми барномаҳои телевизионро тамошо мекард. Вақте гуфтам, ки чаро худро ин қадар заҳмат медиҳӣ ва то нимашаб нишаста кор мекунӣ, гуфт, ки нафаре бояд худро қурбон кунад. Ҳамин тавр, пас аз чанд рӯз хабари кушта шуданаш расид. Ӯ қурбон шуд”.

Шоирону нависандагон ва адабиётшиносони тоҷик пас аз 18 соли кушта шудани Сайф Раҳимзоди Афардӣ мегӯянд, ки ин нависандаи бомаҳорати тоҷик хеле ҷавон ва бармаҳал моро тарк кард ва имрӯз нависандае чун Сайф Раҳимзод ба мо намерасад.

Тарҷумаи ҳол

Сайф Раҳимзоди Афардӣ (Раҳимов Сайф Абдуевич) 20 ноябри 1953 дар ноҳияи Балҷувон таваллуд шудааст. Баъди хатми мактаби миёна як муддат дар Театри давлатии мазҳакавӣ-мусиқии ба номи С. Вализодаи шаҳри Кӯлоб (1969—1970) фаъолият намудааст. Соли 1975 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Солҳои 1974-1981 дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда, муддати як  сол дар Афғонистон ба ҳайси тарҷумон фаъолият намудааст. Солҳои 1983-1987 ҳамчун мухбир, баъдан мудири Шуъбаи адабиёт ва санъати газетаи “Тоҷикистони советӣ” кор карда, аз соли 1989 то соли 1995 дар “Тоҷиккино” ҳамчун коргардони кино, коргардон-таҳиягар ва аз соли 1995 то соли 1997 ҳамчун раиси киновидеокомпанияи миллии “Тоҷик­кино” фаъолият кардааст. Аз августи 1997 то соли 2000 раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Асарҳои эҷодкардааш “Гунҷишки сафед”, “Ситораҳои сари танӯр”, “Аз ёдҳо, аз ёдҳо”, “Дурӯғи сафед”, ”Васвасаҳои Зикравайҳ”(Таронаҳои хоки париён), “Падруду пайғом”, “Доғҳои Офтоб” мебошанд, ки дастраси хонандагон шудаанд.

Филмҳои офаридаи Сайф Раҳимзод “Ситораҳои сари танӯр”, “Ҳарф бизан, поизам”, “Пете”, “Чоре” мебошанд.

Сайф Раҳимзод соли 1995 Ҷоизаи адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи С. Айниро гирифт. Пас аз вафоташ соли 2002 сазовори Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дониста шуд.