Шаҳри Душанбе давоми 32 сол Сталинобод ном дошт ва 57 сол пеш, аввали моҳи ноябри 1961, ба шаҳр номи пешинаашро баргардониданд.

Акнун Душанберо ҳамчун пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол мешиносанд. Давоми солҳои истиқлолият ба хотири барқарор кардани номҳои таърихӣ ва муаррифии арзишҳои миллӣ номи даҳҳо шаҳру ноҳияҳо ва маҳалҳо тағйир дода шуданд.

Мо қарор додем тести кутоҳаке созем, то Шумо худро санҷед, ки то кадом дараҷа номҳои нави шаҳру ноҳияҳоро медонед.