Дар ҷараёни сафари рӯзҳои 27-28 сентябр пешбинишудаи президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон дар боғи ба номи Алишер Навоии пойтахт муҷассамаи классикони адабиёти тоҷику ӯзбек Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ қомат меафрозад.

Муаллифи пайкара муҷассамасоз, Ходими шоистаи санъати Тоҷикистон, профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Ғафур Ҷӯраев мебошад.

Аз мақомоти шаҳрдории Душанбе ба “Азия-Плюс” дар ин робита гуфтанд, тасмим гирифта шудааст, ки то маросими расмии ифтитоҳи муҷассама акси он дар ВАО нашр нашавад. Ҳайкал алллакай дар боғи рӯ ба рӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода гузошта шуда, лекин бо пардае аз чашми тамошобинон пӯшонида шудааст.

Муаллифи муҷассама Ғафур Ҷӯраев мегӯяд, пайкара аз алюминий сохта шуда, дар ҳайкал Ҷомӣ ва Навоӣ ҳамчун устоду шогирд тасвир шудаанд.

“Муътақидам, ки тасвири устоду шогирд ҳамчун дӯстон ҷоиз нест. Дар офаридани ҳайкал ман кӯшиш кардам, ки ду мутафаккирро ҳамчун устод ва пайрави ӯ тасвир намоям”, - қайд кард Ҷӯраев.

Ҳамчунин ӯ хотиррасон намуд, ки Алишери Навоӣ аз Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамеша чун устод ном мебурд, на балки дӯст.

Қобили зикр аст, ки Ғафур Ҷӯраев муаллифи муҷассамаҳои Камоли Хуҷандӣ дар Хуҷанд, Садриддин Айнӣ дар боғи ҳамномаш дар Душанбе, Исмоили Сомонӣ дар ноҳияи Зафаробод, Нақибхон Туғрал дар ноҳияи Айнӣ ва дигар ҳайкалҳо мебошад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.