Сарони кишварҳои Беларус Александр Лукашенко ва Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар доираи иштирок дар кори нишасти сарони кишварҳои узви ИДМ дар Душанбе, ки рӯзҳои 27-28 сентябр пешбинӣ шудааст, аз шаҳри металлургҳои тоҷик – Турсунзода боздид мекунанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон.

Дар ин шаҳр шиносоии наздики сарони кишварҳои Беларус ва Ӯзбекистон бо фаъолияти корхонаи “Ширкати алюминии тоҷик” (ТАЛКО) дар назар аст.

Ғайр аз ин, Лукашенко ва Мирзиёев ба хоҷагиҳои деҳқонии Камол Ҳоҷӣ Мадумаров ва Неъмат Ҳоҷӣ Усмонов низ ташриф меоранд, ки ин хоҷагиҳо дар ҷумҳурӣ ҳамчун хоҷагиҳои асили ангурпарвар маъруфанд.

Дар ҳамин ҳол, ба ин муносибат намо (фасад)-и хонаҳои баландошёнаи сари роҳи мошингарди Душанбе – Турсунзода имрӯзҳо таъҷилан таъмиру навсозӣ мешаванд.

Аз мақомоти шаҳрдории Душанбе ба “Азия-Плюс” дар ин робита иттилоъ доданд, ки аз ҷониби аҳолӣ ва буҷети шаҳр ба ин корҳо сарфи ягон маблағе пешбинӣ нашудааст.

“Бо дархости ҳукуматдорони пойтахт намои хонаҳо аз ҳисоби ширкатҳои сохтмонии машғул ба бунёди манзилҳои баландошёна дар Душанбе таъмиру навсозӣ мешавад”, - гуфтанд дар мақомоти шаҳрдорӣ.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.