Бо баҳонаи  таҷлил аз даҳумин солгарди ҷашнвораи “Боми Ҷаҳон” ширкати мухобиротии Тсел гурӯҳе аз рӯзноманигоронро ба тамошои Бадахшон бурд. Бо ин ки ин сафар танҳо ду рӯз идома ёфт ва он ҳам ҳамааш дар роҳ будем, хеле ҷолибу пурбор ва баёдмонданӣ буд. Як  корвони 12-нафарии рӯзноманигорон дар се мошин тақсим шудем ва то расидан ба Бадахшон аз чандин макони фарҳангиву таърихӣ дидан кардем.

Тибқи барномаи сафар, нахуст ба оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ маъруф ба Ҳазрати Амирҷон дар шаҳри Кӯлоб, ки тасвираш дар искиноси 10-сомонии пули миллиямон ҳам ҳак шудааст, рафтем. Оромгоҳ бо тарҳи хеле ҷолибу ғайриодӣ ва шабеҳи мақбараҳое, ки дар Эрон дида будам, сохта шудааст. Деворҳояш бо ранги кабуд кошикориву гулкорӣ шудаанд ва, ҷолибтар аз ҳама, дар рӯи даромадгоҳаш нахуст ба хатти форсӣ ва баъд ба забони инглисӣ навишта шуда: «Оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ». Ин навишта ва ин кошикорӣ шавқи даромадан ба даруни бинои оромгоҳро дар ман бештар кард. Хостам бидонам, ки  даруни сохтмони оромгоҳ чи гуна аст ва роҳбаладаш ба мо чи чизҳои ҷолиберо дар бораи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ мегӯяд.


Дар қатори мардҳои гурӯҳамон ман ҳам кафшҳоямро дами дари оромгоҳ  кашидам. Аммо  масъули онҷо гуфт, ки даромадан барои занҳо ба ин макон мамнӯъ аст ва танҳо барои мардҳо иҷозаи даромадан ҳаст. Ноилоҷ ману Зулфия Голубева, рӯзноманигори нашрияи «Вечёрка», ҳайрон бар рӯи нимкати хеле зебои кандакоришудаи беруни сохтмон нишаста, мунтазири баромадани мардҳои гурӯҳамон шудем. Бароям аҷиб буд, ки дар оромгоҳи чунин шахсияти бузург, ки як макони гардишгарӣ ҳам мебошад, даромадан барои занонро маҳдуд кардаанд. Маълум нест тибқи кадом қонун.

Мо занон дар назди ин бинои хеле зебо фақат ба гирифтани як акси хотираи дастаҷамъӣ иктифо кардем ва ба роҳамон идома додем. Каме болотар аз оромгоҳ ба тамошои бузургтарин толори варзишии шиноварӣ дар шаҳри Кӯлоб рафтем. Онҷо ҳам маълум шуд, ки тибқи муқаррароти толори шиноварӣ занҳову мардҳо наметавонанд дар як вақту соат дар ин толор ҳамзамон шиноварӣ кунанд. Вақти шиноварӣ барои бонувон аз соати 7-и субҳ то 12-и рӯз, замоне ки аксари занҳои тоҷик машғули корҳои хона ҳастанд ва имкони камтари рафтан ба инҷоро доранд, таъйин шудааст. Аз ин рӯ, мумкин аст муштариёни ин толори навсохти шиноварӣ аксаран мардҳо бошанд. Аммо бо дидани маҳдудиятҳо танҳо дар ин ду макон наметавон ба ин натиҷа расид, ки ҳаққу ҳуқуқи зан дар ин шаҳр дар чи сатҳ ва то чи андозае маҳдуд аст.


Нуқтаи ниҳоии сайри мо дар шаҳри Кӯлоб боздид аз истгоҳи мавҷпарокании ширкати Тсел дар ин шаҳр буд. Баъд аз чанд лаҳзаи таваққуф дар шаҳри Кӯлоб ва пазироии хеле хуби Далер Мирзоев, намояндаи ширкати Тсел дар ин шаҳр, роҳ ба сӯи Дарвоз – дарвозаи Бадахшонро дар пеш гирифтем. Шабро дар ноҳияи Қалъаи Хумби Дарвоз, дар меҳмонхонае назди муҷассамаи аз санг тарошидашудаи оҳуи даштӣ ва пайкараи Борбади Марвазӣ дар канори рӯди хурӯшони Хумбов сипарӣ кардем. Дар ин муддат заррае ҳам бошад, бо шароити зисти мардуми инҷо ошно шудам. Ҳангоми гаштугузор дар маркази ноҳия дар соҳили рӯди Хумбов мардеро дидам, ки бо истифода аз таноби махсус (канатная дорога) аз як соҳил ба соҳили дигари рӯд мегузашт. Ин саҳна бароям ғайриодӣ буд, зеро дар минтақаҳои кӯҳистонии мо мардум маъмулан барои убур аз рӯду дарёчаҳо аз пули чӯбӣ истифода мекунанд. Фикр мекунам, агар дар оянда истифода аз чунин таноб ба ҷои пул дар дигар манотиқи дурдасти кишвар роиҷ шавад, кори мардуми рустоӣ хеле осон хоҳад шуд. Зеро ин таноб на танҳо нақши пулро иҷро мекунад, балки як василаи муассири боркашонӣ аз болои рӯдхона ҳам ҳаст.


Таваҷҷуҳи маро ҳамчунин фурӯшгоҳи сарироҳӣ ва замонавии монанд ба фурӯшгоҳҳои пойтахт ҷалб кард. Дар ин фурӯшгоҳ аз шириниҳо сар карда, то дастмолкоғазиву маҳсулоти ширии дохиливу хориҷӣ фаровон дида мешуд ва нарху наво ҳам бо вуҷуди дурии роҳ бо нарху навои маҳсулоти ғизоӣ дар Душанбе чандон тафовуте надошт. Беҳуда Дарвоз маънои “дари боз”-ро надоштааст, зеро дар шоми тор ҳатто дари сохтмони Амонатбонк ҳам боз буд ва боиси тааҷҷуби мо рӯзноманигорон шуд. Албатта, дари даҳлези бонк зоҳиран ба хотири ҷойгир будани дастгоҳи худпардоз (банкомат) боз буд ва пулиси нигаҳбон амнияти онҷоро таъмин мекард. Бо ин вуҷуд, ба назари ман, ин шояд нишонае аз вуҷуди амният дар Дарвоз ва сидқу амонатдории мардуми инҷо бошад.

Меҳмонхонаҳои Дарвоз ҳам аз гардишгарони дохиливу хориҷӣ пур буд ва ангор монанди мо ба тамошои ҷашнвораи “Боми Ҷаҳон” раҳсипор буданд. Истгоҳи  навбатиямон Хоруғ – макони баргузории ин ҷашнвора, буд. Бо ин ки дар Бадахшон ба дунё омадаам, бори аввал буд, ки ба тамошои шаҳри Хоруғ мерафтам. Қаблан дар бораи мардуми ин шаҳр назароти гуногун ва зидду нақиз шунида будам. Аммо “шунидан кай бувад монанди дидан” гуфтаанд.


Вақте ба Хоруғ расидем, алакай хеле хаста шуда будам ва мадори рафтан ба ҷашнвораи “Боми Ҷаҳон”-ро надоштам. Танҳо хоҳишам ин буд, ки биравам бихобам. Соат панҷи бегоҳ шуда буд. Хаставу бемадор дар меҳмонхона либосҳоро иваз кардему бо дастгоҳҳои аксбардорӣ рафтем ба сӯи Чорбоғ, макони баргузории ҷашнвораи “Боми Ҷаҳон”. Садои  дафу доираву ғижжак ва рақсу сурудани ҳунармандони маҳаллӣ ба пешвози меҳмонон мани хаставу бемадорро дубора зиндаву ҳушёр ва болида сохт. Ҳатто мехостам ба миёнаи майдон барояму ҳамроҳ бо ҳунармандон бирақсаму бичархам, аммо чи илоҷ ки дурбин ва пояи он иҷрои вазифаамро аз ман талаб мекарданд.

Ҳузури гурӯҳе аз ҳунармандони Узбекистон бо парчами барафроштаи кишварашон дар ҷашнвора пас аз солиёни тӯлонии надоштани равобити наздик байни ду кишвар хеле ҷолибу диданӣ буд. Намояндаҳои гурӯҳи ҳунарии “Оркестри Суғдиёна” аз Узбакистон гуфтанд бори аввал аст, ки дар ҷашнвораи “Боми Ҷаҳон” ширкат мекунанд. Онҳо аз чеҳраи бози мардуми маҳаллӣ ва дидани кӯҳҳои осмонбӯсу ҳавои тоза хушҳол буданд.


Бархе аз ҳунармандони узбакистонӣ мегӯянд, ки қаблан дар бораи Бадахшон ва кӯҳсори Помир қиссаҳои зиёде шунида буданд, аммо ҳеч гоҳ ба ин ҷо наомада буданд. Ин гурӯҳ аз Тошканд аз тариқи роҳи мошин аввал ба Душанбе омада, як дарси маҳорат (мастерклас) гузаронда ва баъдан ба Бадахшон рафтаанд. Мусиқии суннатии мардуми маҳаллӣ хеле писандашон омадааст ва тасмим доранд, ки дар оянда оҳангҳои маҳаллии тоҷиконаро ҳам, ки зоҳиран дар тӯли ин сафар ёд гирифтаанд, иҷро кунанд.

Ба гуфтаи Муаттара Баширова, масъули барномаҳои фарҳангию ҳунарии Дафтари Ҳамкории Суис (Швейтсария) дар Тоҷикистон, ҷашнвораи “Боми Ҷаҳон” бо ҳимояти молии ин созмон баргузор шуда ва даъвату мизбонӣ ва танзими сафари меҳмонон ба дӯши кормандони он буд. Имсол меҳмонону ҳунармандон аз Иёлоти Муттаҳидаи Омрико, Қазоқистон, Қирғизистону Узбакистон ширкат доштанд. Ба гуфтаи хонум Баширова, аз Афғонистон ҳам меҳмонону ҳунармандон даъват шуда буданд, аммо ба далели нагирифтани визо натавонистаанд дар ҷашнвора ширкат кунанд. Дар маҷмӯъ, ҳудуди 150 ҳунарманди дохиливу хориҷӣ дар ҷашнвораи имсол ширкат доштанд.

Дар рӯзи аввали ҷашнвора майдони базми кӯчаки Чорбоғ чанд соате  намояндагони миллатҳои гуногуни ҷаҳонро гирди ҳам оварда буду дар канори ҳам нишонда буд, мисли як хонавода, ки албатта яке аз ҳадафҳои аслии баргузории ин ҷашнвора ҳам ҳамин муттаҳид сохтани мардумони дунё арзёбӣ мешавад.


Ҷашнвора аз соли 2008 ба ин сӯ ҳамасола дар Бадахшон дар  фасли тобистон, дар айёми расидани мева ва дар мавсими гардишгарӣ баргузор мешавад. Даҳумин давраи ин ҷашнвора бо соли гардишгарӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон ҳамзамон омад. Гардишгарон имсол беш аз пеш дар шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ бо дучархаву мошинҳои шахсияшон  мушоҳида мешаванд.

Ба назари ман, вазъи роҳҳо ҳам бо гузашти замон каме беҳтар шудааст, ҳарчанд ҳоҷатхонаҳои канори ин шоҳроҳ ҳануз ҳам касифу номураттабанд ва ин амр боис мешавад мусофирон, бавижа занҳо, дар тамоми тӯли ин роҳи дарози 700-километрӣ то Бадахшон худро нороҳат эҳсос кунанд. Сарфи назар ин камбудиҳо сафари гурӯҳии рӯзноманигорон ба Бадахшон хеле баёдмонданӣ буд.

Замони бозгашт ба Душанбе аз макони бостонии Карон дар Дарвоз, ки ба гуфтаи бостоншиносони тоҷик, таърихи 4-ҳазорсола дорад, дидан кардем. Ин макони бостонӣ дар баландии 1700 метр аз сатҳи дарё (баҳр) воқеъ аст ва айни замон дар ҳоли бозсозӣ шудан аст. Дар бозгашт ба Душанбе бо зарофатгӯиҳои Субҳони Ҷалил, гӯяндаи маъруфу маҳбуби барномаи “Субҳи Ватан” ва рақсу латифаҳои  намакини Одили Нозир ва дигар дӯстони рӯзноманигорамон ва ронандаҳои корозмудаву ботаҷруба аслан дурии роҳро эҳсос ҳам накардем.