Нахустин намоишгоҳи фарҳангиву таърихӣ бахшида ба Тоҷикистон моҳи ноябри соли оянда дар маркази шаҳри Париж - осорхонаи миллии санъати шарқ Гиме доир мегардад.

Дар ин бора зимни брифинг ба муносибати ҷашни миллӣ дар Фаронса - Рӯзи фатҳи Бастилия (14 июл) сафири Фаронса дар Тоҷикистон Ясмин Гуедар хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, намоишгоҳ аз якчанд самт - намоишгоҳи бостоншиносӣ, намоишгоҳи аксҳо консерти мусиқии миллӣ ва назм, конфронс дар бораи забон иборат хоҳад буд.

Ба савол дар бораи чӣ гуна ба ҳайрат овардани тамошобини аврупоии аз ин чорабиниҳо сер хонум Гуедар посух дод, ки таъриху фарҳанг ва бостоншиносии Тоҷикистонро самимона муъҷизанок мешуморад ва хоҳони он аст, ки тамоми ҷаҳон аз ин воқиф бошад.

«Хеле ифтихор дорам, ки яке аз созмондиҳандагони ин ҷашни фаврҳангӣ ҳастам. Мо ба сокинону меҳмонони Париж дар бораи кишваре маълумот хоҳем дод, ки на он қадр онро хуб медонанд. Муддати се моҳ дар Париж доир ба Тоҷикистон ҳарф хоҳанд зад ва бо фарҳангу мусиқӣ, таъриху манзараҳои дилфиреби он шинос хоҳанд шуд», - қайд кард ӯ.

Ин ҷо боз як чизи ҷолиб он аст, ки осорхонаи Гиме бори нахуст макони баргузории намоишгоҳ аз кишвари шомили минтақаи Осиёи Марказӣ мешавад.

Ясмин Гуедар бар ин назар аст, ки ин чорабинӣ бояд ба рушди бахши сайёҳии Тоҷикистон таъсири мусбат расонида, такони ҷиддӣ бахшад.

«Ба гумонам, Тоҷикистон барои сайёҳон аз лиҳози таърихи қадима доштан ва истироҳати бофароғат ҷолиб хоҳад буд. Лекин барои омода будан ба қабули сайёҳони сершумор беҳбуди зербинои роҳу меҳмонхонаҳо, роҳандозии алоқаи мусоиди нақлиётӣ байни минтақаҳо ва баланд бардоштани сатҳи хизматгузорӣ зарур аст», - таъкид дошт сафир.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.