Таҷлили Ҷашни Алмосии Волоҳазрат Шоҳзода Оғохон дар 11-уми июли соли 2017 оғоз гардида, дар таърихи 11-уми июли соли 2018 ба поён хоҳад расид.

Ин ҷашн ба хотири таҷлил аз 60-умин солгарди ба тахти Имомат нишастани Волоҳазрат ба унвони 49-умин имоми меросии (раҳбари руҳонӣ) мусалмонони шиаи исмоилӣ доир мегардад.

Дар тули як сол Волоҳазрат даъвати раҳбарони кишварҳои мухталифро, ки бо Имомат муносибатҳои дерина ва ҳасана доранд, пазируфт ва ба он кишварҳо сафари расмиӣ анҷом доданд. Дар ин ҳафта Раҳбари исмоилиёни ҷаҳон ба Португалия сафар менамояд, то дар маросимҳои  поёнии “Ҷашн Алмоси”-и хеш ҳузур дошта бошад.

Беш аз 40 000 мусалмонони исмоилӣ аз 5 то 12-уми июл дар Лиссабон гирдиҳам меоянд, то 60-умин солгарди Раҳбарии исмоилиёни ҷаҳон-Шоҳзода Оғохонро ҷашн бигиранд.

Як ҳафтаи ҷашнвора нуктаи кулминатсионии Ҷашни Алмосии Волоҳазрат Шоҳзода Оғохон хоҳад буд.

Ҷашнвораи байналмиллалии ҳунарӣ”- давраи ниҳоии ҷашнвораи миллии ҳунарҳои ҷашнӣ, ки дар саросари ҷаҳон баргузор гардиданд ва аз ҷумла “Намоиши истеъдодҳо”, “Ҷашнвораи байналмилалии синамо” ва “Намоишгоҳи байналмилалии рассомӣ” аз ҷумла чорабиниҳое ҳастанд, ки дар Лиссабон баргузор мегарданд.

Ду консерти ҷашнвораӣ бо ширкати ҳунармандони шинохта ба мисли Рохат Фотеҳ Алихон, Салим Сулаймон, Нобовар Чаноров, Хеб Холид ва Вишар Шехар аз дигар чорабиниҳои ин рузҳои ҷашнӣ мебошанд.

“Дурахши нур” ва “Ахлоқ дар амал” ду намоишгоҳе мебошанд, ки бо ҳадафи муаррифии бештари фаъолиятҳо ва дастовардҳои Волоҳазрат Шоҳзода Оғохон дар 60 соли охир доир хоҳанд гардид.

Соли ҷашнвораӣ бо Дидори Ҷашни Алмосӣ 11-уми июли соли равон ба поён хоҳад расид.