Тоҷиконро маъмулан сиёҳабрӯву чашмкалон ва сабзина мегӯянд.

Аммо таҳқиқоти аксбардору мусаввир Аниса Собирӣ гувоҳи он аст, ки дар минтақаи кӯҳистони Тоҷикистон метавон шахсонеро вохӯрд, ки ба қолабҳои маъмулӣ мутобиқ нестанд.

Гузориши навбатии лоиҳаи «Салом, соседи!» (Салом ҳамсояҳо!) перомуни беназирии симои тоҷикон ва дар куҷо вохӯрдан бо тоҷикони ғайримаъмулӣ бо тарзи ҳаёти аслӣ маълумот медиҳад.

Қобили зикр аст, ки барои таҳқиқоту омӯзиш Собирӣ панҷ соли ҳаёти худро сарф карда, беш аз 250 симои беназири тоҷиконро аз тамоми гӯшаву канори кишвар сабт кардааст. Аксу наворҳои ӯро асосан меҳмонони хориҷӣ харидорӣ мекунанд, ки хостори бо худ ба ёдгорӣ бурдани натанҳо қисмате аз Тоҷикистон, балки «симоҳо»-и нотакрори онро низ доранд.

Агар дар доираи лоиҳаи «Салом, соседи!» гузориш ё наворе доред, пас номаҳои шуморо бо суроғаҳои: newspaper@asiaplus.tj ва k.mahpora@gmail.com интизорем.

Бо истифода аз фурсат, ҳамтоёни тоҷику ӯзбекро ба ҳамкорӣ даъват мекунем - сюжетҳоятонро ирсол намоед, қаҳрамонҳои нав ва мавзӯъ барои гузоришҳои тозаро, ки барои ҳамсояҳои мо шавқовар буда метавонанд, пешниҳод кунед!

Лоиҳаи «Салом, соседи!» баҳри боз ҳам бо ҳамдигар қарину наздиктар шудани мардуми Тоҷикистону Ӯзбекистон роҳандозӣ шудааст!

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.