АНОНС

- Дар Душанбе машварати 23-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад;

- Дар доираи машварати 23-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СҲИ дар «Боғи Ирам» Намоишгоҳи ҳунарҳои мардумии кишварҳои узви Созмон доир мегардад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  8.8588 сомонӣ;

1 евро – 10.9583 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1424 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Рӯзи кормандони Хадамоти оташнишонӣ.

2012 — Ифтитоҳи филиали Донишгоҳи миллии технологии «МИСиС» (Донишкадаи оҳан ва хӯла) дар Душанбе.

1913 – Зодрӯзи арбоби давлатӣ, раиси Шӯрои вазирони ҶШС Тоҷикистон (солҳои 1961-1973) Абдулаҳад Қаҳҳоров.

1923 – Зодрӯзи олими таърихшинос, академик Борис Литвинский.

1934 – Зодрӯзи раққоса, Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Зуҳро Каримова.

1946 – Мавлуди доктори улуми тиббӣ Фирӯз Шукуров.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +6+11, рӯзона +11+16; дар доманакӯҳҳо шабона -2+3, рӯзона +4+9.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +7+12, рӯзона +9+14; дар доманакӯҳҳо шабона +2+7, рӯзона +4+9.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, боришот (борону барф) дар назар аст.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +2+7, рӯзона +9+14; дар шарқ шабона -1-6, рӯзона +2+7.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад, раъду барқ. 

 Ҳарорат: дар водиҳо шабона +5+10, рӯзона +9+14; дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +5+10.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад.

Ҳарорат: шабона +5+7, рӯзона +10+12.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад, раъду барқ.

Ҳарорат: шабона +7+9, рӯзона +13+15.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад.

Ҳарорат: шабона +9+11, рӯзона +11+13.    

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад.

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +12+14.