Зимни сафари давлатии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Тошканд таҳти унвони «Шоми дӯстӣ» консерти навбатии муштарки устодони санъати Тоҷикистону Ӯзбекистон доир мегардад. Санаи сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон алҳол маълум нест.

Ёдрас мекунем, ки ба ифтиххори ташрифи президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон 9 март дар маҷмааи «Кохи Борбад» консерти пуршукӯҳи устодони санъати ҳарду кишвар баргузор шуд, ки дар он беш аз 250 нафар ҳунармандони Тоҷикистон ва 100 нафар ҳунармандони кишвари ҳамсоя иштирок карданд.

Бино ба маълумоти Вазорати фарҳаги ҷумҳурӣ, соли равон чорабиниҳои асосӣ ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ, ки ҳамасола санаи 27 июн ҷашн гирифта мешавад, дар шаҳри Конибодом ва чорабиниҳои бахшида ба Рӯзи Итиқлолияти давлатӣ моҳи сентябр дар Душанбе баргузор мешаванд.

Гуфта мешавад, дар доираи сафари расмии президенти Беларус ба Тоҷикистон рӯзҳои 14-15 май дар Душанбе баргузории консерти муштараки устодони санъати ҳарду кишвар ба нақша гирифта шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.