Имрӯз дар Маҷмааи намоишгоҳҳои «Крокус Экспо»-и шаҳри Москваи Федератсияи Россия 13-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Интурмаркет-2018» ифтитоҳ гардид. Чи тавре, ки дар Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд, он то санаи 12 март давом мекунад.

Дар намоишгоҳи имсола гӯшаи сайёҳии Тоҷикистонро намояндагони Кумитаи рушди сайёҳӣ якҷо бо ширкатҳои сайёҳии ватанӣ зери шиори «Тоҷикистон - боми ҷаҳон» таҳти сарпарастии президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ муаррифӣ менамоянд.

1/4

Намоишгоҳи мазкур дар майдони 2800 метри мураббаъ бо иштироки 1430 ширкатҳои сайёҳӣ, 78500 иштирокчӣ аз 143 кишвар дар назар дошта шудааст.

Ҳадаф аз иштирок дар намоишгоҳи мазкур муаррифии шоистаи захираҳо ва имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон барои ҷалби сайёҳон аз Федератсияи Россия ва дигар мамлакатҳо мебошад.

Қобили тазаккур аст, ки зери сиёсати хирадмандонаи пешвои муаззами миллат, сайёҳӣ ҳамчун бахши муҳиму ояндадори иқтисоди миллӣ аҳамияти тоза касб намуда, тавассути иштирок дар намоишгоҳҳо ва дигар чорабиниҳои бонуфузи байналмилалӣ симои Тоҷикистон ҳамчун мамлакати осоишта ва дорои имкониятҳои бойи сайёҳӣ дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ устувор шуда, таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон пайваста зиёд мегардад.