Пайвандону наздикони собиқ вазири саноати Тоҷикистон ва соҳибкори маъруфи тоҷик Зайд Саидов, ки ба 29 соли зиндон маҳкум шудааст, аз вазъи саломатии ӯ нигаронӣ изҳор мекунанд.

Онҳо ҳар ҳафта ба ӯ доруворӣ аз бемории сулфа ва шамолхӯрӣ мебаранд. «Мо аз вазъи солимии падарамон дар ташвишем. Аллакай ду моҳ аст, ки ҳар ҳафта ба ӯ доруворӣ аз шамолхӯрӣ мебарем. Зимни вохӯрӣ ӯ аз саломатиаш шикоят намекунад, вале месулфад ва аз намуди зоҳириаш маълум аст, ки бемору азият мекашад», - хабар дод ба «Азия-Плюс» Хайрулло Саидов, писари Зайд Саидов.

Ӯ ҳамчунин изҳор намуд, ки «дар бораи вазъи нохуби саломатии падарам маҳкумшудагоне низ нақл мекунанд, ки аз ин зиндон озод мешаванд».

Сомонаи расонаи мустақили «Ахбор» дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки мақомоти зиндони "Кирпичний” Зайд Саидовро бо вуҷуди онки маъюб аст, ба рӯйхати маҳбусони моил ба фирор (склонный к побегу) шомил кардаанд. Чунин маҳбусон бояд ҳар рӯз дар ҳар ду соат як дафъа сарфи назар аз вазъи обу ҳаво худро сабти ном кунанд. Агар дар тобистон ин сабти номи маҳбусони моил ба фирор дар зери ҳавои тасфон сурат бигирад, дар фасли сармо маҳбусон маҷбуранд дар зери боду борон ва дар ҳавои сард мунтазири навбати худ бинишинанд, ки зиндонбонҳо кай онҳоро сабти ном мекунанд.

Ба гуфтаи маҳбусони собиқи зиндони Роҳатӣ, ин сабти ном (перекличка) аз рӯи алифбо сурат мегирад ва азбаски номи хонаводагии Зайд Саидов бо ҳарфи "С” оғоз мешавад, ӯ тақрибан дар охирҳои рӯйхати маҳбусони моил ба фирор аст ва ҳар дафъа маҷбур аст, то садо додани номаш мунтазир бимонад.

«Мо ҳам дар бораи шиканҷа шунидем, вале далеле надорем. Чуноне ки гуфтам, падарам шикоят намекунад. Мо ҳам аз ҷониби худ ин овозаҳоро месанҷем», - гуфт Хайрулло Саидов, писари соҳибкор.

Ёдрас мекунем, ки собиқ вазири саноати Тоҷикистон, соҳибкор Зайд Саидов 19 майи соли 2013 дар фурудгоҳи Душанбе пас аз бозгашт аз шаҳри Париж боздошт шуд. Ин амал баъди аз ҷониби ӯ эълон кардани нияти таъсис ҳизби «Тоҷикистони нав» сурат гирифт. Рӯзи дигар вакилони маҷлиси шахри Душанбе ваколати дахлнопазирии ӯро ҳамчун вакил бекор карданд.

Санаи 25 декабри соли 2013 ӯ ба 26 соли зиндон бо мусодираи амвол маҳкум шуд. Рӯзи 11 августи соли 2015 барои содир намудани ҷиноятҳои иқтисодӣ ба муҳлати зиндони Зайд Саидов боз 3 соли дигар илова шуд. Тӯли дуним сол корхонаҳои саноатии муталлиқ ба ӯ пурра ё қисман мусодира  ва миллӣ карда шуданд. Амволи ӯ ва фарзандонаш мусодира шуд. Ҳамчунин суд Саидовро ба пардохти 34 млн. сомонӣ ҷарима уҳдадор кард.

Санаи 20 ноябри соли 2015 Суди олии ҷумҳурӣ шикояти кассатсионии тоҷир Зайд Саидовро барраси намуда, ҳукми қаблан содиршударо бетағйир боқӣ гузошт. Зайд Саидов ҳукми зиндонашро дар маҳбаси Роҳатӣ, маъруф ба зиндони "Кирпичний” адо мекунад.