Дар рӯзи дуюми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи 20-уми шаҳри Хуҷанд Маҷмааи миллии «Маркази Оши палов»-ро дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, фармоишгари Маҷмааи миллии «Маркази Оши палов» оилаи Тоҷибоевҳо ва пудратчии иншоот «Доро Инвест» мебошад. Маҷмаа бо сарфи 3 миллиону 300 ҳазор сомонӣ сохта шудааст.

Гуфта мешавад, масоҳати зери бинои ин иншоот 625 метри мураббаъро ташкил дода, дорои 600 ҷойи нишаст дар ду толор мебошад. Бино аз ду ошёна иборат буда, дар канори он барои нақлиёт таваққуфгоҳ сохта шудааст.

Президенти мамлакат баъди шиносоӣ бо маркази нав, ки ба хотири рушди ҳунарҳои миллӣ ва муаррифии таъомҳои миллӣ бунёд шудааст, ба соҳибкорон баҳои баланд дод.

Ба иттилои манбаъ, таъкид гардид, ки чунин марказҳо бояд дар тамоми шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла дар маркази пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе таъсис дода шаванд, то ин ки меҳмонони хориҷӣ бо лаззати таъомҳои миллӣ шинос шаванд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар рафти корҳои сохтмонӣ 45 нафар сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор ва маоши хуб гардиданд. Баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншоот то 60 нафар ба шуғли доимӣ фаро гирифта шуд. Дар рӯзи ифтитоҳи маҷмаа ошпазон дар даҳ дег бо 350 кило биринҷ даҳ навъ ош дам андохтанд.

Баъди ифтитоҳи Маҷмаа Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба 160 нафар ятими кулли навраси шаҳри Хуҷанд туҳфаҳои идона тақдим кард. Дар ин рӯз баробари тақдими туҳфаҳои хотирмону арзишманд ба ятимон, ҳамчунин дастархони пурнозу неъмат ороста шуд, ки боиси болидарӯҳии онҳо гардид.