Дар   Кумитаи  телевизион ва радиои  назди Ҳукумати  Тоҷикистон шабакаи нави телевизионии мусиқии «Шаҳнавоз»  ба фаъолият оғоз намуд.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» бо истинод ба аз Кумитаи  телевизион ва радио, дар расми ифтитоҳи шабакаи нави телевизионӣ ёрдамчии Президенти ҶТ оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода,  вазири фарҳанги ҶТ Шамсиддин Орумбекзода ва раиси Кумитаи телевизион ва радиои  назди ҳукумати  ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Шоҳиён  иштирок карданд.

Гуфта мешавад, мақсад аз таъсиси шабакаи нави мусиқӣ  таблиғ ва рушди санъати асили  мусиқии тоҷик  ва  фароҳам овардани шароити мусоид  барои ҳунармандону овозхонони тоҷик мебошад.

Зимнан зикр мегардад, ки шабакаи нави мусиқии «Шаҳнавоз»  дар заминаи «Телевизиони  Тоҷикистон» таъсис ёфта,  дар канали алоҳида   фаъолият менамояд ва тавассути он  давоми  24 соат консерту барномаҳои мусиқӣ   таҳия ва пахш   мешаванд. Сармуҳарири барномаҳои   «Субҳ»-и Телевизиони Тоҷикистон  Манучеҳр Ализода алҳол  роҳбарии  шабакаи мазкурро  бар дӯш дорад.

 Хотиррасон мешавад, ки  шабакаҳои  телевизионии  «Телевизиони Тоҷикистон», «Сафина», «Ҷаҳоннамо», «Баҳористон»,  «Варзиш», «Синамо» ва «Футбол»    аз зумраи шабакаҳое мебошанд, ки   дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар таъсис ёфтаанд.  Дар ин қатор шабакаи мусиқии «Шаҳнавоз»  ҳаштумин  шабакаи  телевизионӣ маҳсуб мешавад.