Барномаи Иттиҳоди Аврупо оид ба омодагӣ ба офатҳои табиӣ (DipECHO) дар беш аз 100 лоиҳаи минтақавӣ 46 миллион евро сармоягузорӣ намуда, шурӯъ аз соли 2003 ба аҳолӣ ва ҳукуматҳои минтақа дар тақвияти ҳолати омодабошӣ ва коҳиш додани оқибати офатҳои табиӣ кӯмак расонидааст.

Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон кишварҳое мебошанд, ки аз кӯмакҳои ин Барнома истифода мебаранд.

Дастовардҳои асосӣ:

• Ташвиқи мақомоти маҳаллӣ ва ҳукуматҳои марказӣ барои чораҷӯӣ ва ҳамгироии сиёсӣ, буҷетӣ ва қонунгузорӣ дар масъалаи коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ;

• Кӯмаку мусоидат дар гирифтани донишу таҷрибаи хуби коҳиш додани хатари офати табиӣ ба табақаҳои осебпазире, ки дар минтақаҳои дорои хатари баланди офати табиӣ зиндагӣ мекунанд;

• Таълими омодагӣ ва амалкарди ҳазорон нафар мактаббачагон ва омӯзгорон ҳангоми сар задани ҳолатҳои фавқулода;

• Бо таҷҳизот таъмин ва маблағгузорию навсозӣ кардани мактабҳо бо мақсади омодагии бештар дар муқобили офатҳои табиӣ;

• Кӯмак ба аҳолӣ дар таъсиси кумитаҳо оид ба коҳиш додани хатароти офатҳои табиӣ.

"Ин саҳми назаррас дар тӯли солҳо аз манфиатдории Иттиҳоди Аврупо барои рафъи ниёзҳои мардуми Осиёи Марказӣ шаҳодат медиҳад, ки Барномаи Иттиҳоди Аврупо оид ба омодагӣ ба офатҳои табиӣ (DipECHO) ба онҳо барои ба вуҷуд овардани як минтақаи бехатар имкон фароҳам овардааст", - гуфт Андрулла Каминара, директори департаменти ҳамкориҳои Мудирияти кулли Комиссияи Аврупо оид ба ёрии башардӯстона ва муҳофизати гражданӣ (ECHO). 

Ба гуфтаи ӯ дар кишварҳои гуногуни ин минтақа дастовардҳои зиёд ба даст омада, ҳоло қисми зиёди аҳолии минтақа роҳҳои мубориза бо хатарҳои табииеро, ки барои мардум пайомадҳои ногувор доранд, медонанд ва коҳиш додани хатари офат қисмати ҷудонопазири сиёсати давлатӣ гардидааст.

Барои тавассути Барномаи Иттиҳоди Аврупо оид ба омодагӣ ба офатҳои табиӣ (DipECHO) ноил гардидани ҳадафҳои худ, яъне дастгирии аҳолии маҳаллӣ дар беҳтар кардани ҳолати омодагӣ ва мубориза бо офатҳои табиии давра ба давра рухдиҳанда, таҳияву такмили стратегияҳои устувори миллии коҳиши хатари офати табиӣ дар панҷ кишвари Осиёи Марказӣ, инчунин ҳавасмандӣ ба ҳамкории минтақавӣ ва мубодилаи дониш, аз ин баъд дастгирии Иттиҳоди Аврупо барои омодагӣ ба офатҳои табиӣ тариқи воситаҳои маблағгузории рушд ба роҳ монда мешавад. Ин масъала дар ҳамоҳангӣ бо ҳукуматҳои минтақа дар заминаи донишу таҷрибае, ки аз Барномаи Иттиҳоди Аврупо оид ба омодагӣ ба офатҳои табиӣ (DipECHO) андӯхта шудааст, муайян карда мешавад.

Иттиҳоди Аврупо ва давлатҳои аъзои он донорҳои асосии кӯмакҳои башардӯстона ба ҳисоб мераванд. Кӯмаки фаврӣ муттафиқии Аврупоро бо мардуми ниёзманд дар саросари ҷаҳон нишон медиҳад. Ҳадаф аз кӯмак наҷот додани одамон, пешгирӣ ва сабук кардани азоби мардум ва ҳифзи шаъну шарафи нафарони аз офатҳои табиӣ ва буҳронҳои техногенӣ зарардида  мебошад. Комиссияи Аврупо тавассути Мудирияти кулли масоили гражданӣ ва кӯмаки башардӯстона ҳамасола ба зиёда аз 120 миллион қурбониёни муноқишаҳо ва офатҳои табиӣ кӯмак мерасонад.

Барномаи Иттиҳоди Аврупо оид ба омодагӣ ба офатҳои табиӣ (DipECHO) аз соли 1996 фаъолият дошта, ҷузъи муҳими талошҳои глобалии Комиссияи Аврупо оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ маҳсуб мешавад. Ҳадафи асосии барнома тақвияти суботу устуворӣ ва коҳиш додани сатҳи осебпазирии аҳолӣ мебошад.

Барномаи Иттиҳоди Аврупо оид ба омодагӣ ба офатҳои табиӣ (DipECHO) барномаест, ки пеш аз ҳама ниёзҳои одамонро дар мадди аввал гузошта, ба онҳое, ки ба хатари офати табиӣ дучор мешаванд, дар масъалаи боло бурдани сатҳи омодагӣ кӯмак мерасонад ва тавассути баргузории чорабиниҳои омӯзишӣ имкон медиҳад, ки мардум системаи мавҷудаи огоҳсозии пешакӣ ва тарҳрезиро дар сурати ба миён омадани ҳолатҳои фавқулода беҳтар ба роҳ монанд.

Он ҳамчунин аз шаҳрвандон, гурӯҳҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мақомоти маҳаллӣ, минтақавӣ ва миллӣ даъват ба амал меорад, ки дастаҷамъона самаранок фаъолият кунанд ва ҷонибдори ҳамгироӣ ва ҳамоҳангии талошҳо дар самти коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ ба хотири рушд мебошад, то сиёсати ҳамгирошуда, махсусан дар кишварҳои дорои хатари баланд таъмин гардад.