Дар шабакаи Интернет навори видео мунташир шуд, ки дар он як мансабдори тоҷик дар саҳни ҳавлии масҷид ибодаткунандагонро дашном ва аз онҳо талаб мекунад, ки масҷидро банданд.

Бино ба иттилои сомонаи расонаи мустақили Akhbor.com, дар навори видеои дар Youtube гузошташуда аён аст, ки як марди дар танаш костюм ва дар гарданаш галстук вориди саҳни як масҷид шуда, ибтидо муроҷиат ба яке аз онҳое, ки ба қарори бастани масҷидашон норозигӣ мекард, мегӯяд: "Як бори дигар асабониам кунӣ, ҳамата фалон мекунам.”

Он нафар боз мепурсад, ки "ба ҳамин гапат ҷавоб медиҳӣ ки "ҳамаатро фалон мекунам гуфтӣ?” Он мансабдор бо як лаҳни тундтар чунин ҷавоб мегирад: "Ҳов! Ҷавоб метум! Маҳкам куне мачита, набошад ҳамата фалон мекунам. Маҳкам куне, полний маҳкам куне мачита! Ман шумоя 6 моҳ шуд гуфтестам.”

Мансабдор дар таҳқири ин мардум боз ҳам фаротар рафта мегӯяд: "Ҳамаата фалон мекунам. Муллотона ҳам фалон мекунам.”

Пеш аз нишастан ба мошинаш, вақте он намозгузор мегӯяд, ки аз болояш арз хоҳад кард, ин мансабдор мегӯяд: "Рав, любой ҷо арз кун. Шумора ҳамаата салафӣ мебарорам.”

Дар навори видео ному насаби мансабдор зикр намешавад, лекин ибодаткунандагон рақами автомашинаи ӯро сабт кардаанд: 25 42 ВС 03.

Дар ҳамин ҳол, як масъули Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Тоҷикистон дар суҳбат ба хабаргузории “Озодагон” гуфтааст, дар пайи тафтиши навор маълум шуд, ки ин мард Шокирҷон Холдоров, сармутахассиси бахши танзими анъана ва ҷашну маросимҳои ҷамоати деҳоти Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ будааст: “Субҳи имрӯз ӯро ба ҳукумати ноҳия даъват карданд. Гуфтааст, ки сархуш набуд, танҳо худашро идора карда натавонист”.

Ба иттилои манбаъ, масҷид дарвоқеъ ғайриқонунӣ буда ва иҷозаи фаъолиятро надоштааст.

Сардори Раёсати ташкилотҳои динии Кумита Ҳусейн Шокиров ба “Азия-Плюс” дар ин робита иттилоъ дод, ки “дар Кумита бо ин навори видео шинос шуда, айни замон санҷиш гузаронида истодаанд”.