Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни сафар ба ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон дар маросими мавриди истифода қарор гирифтани муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 иштирок кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни суханронӣ назди фаъолону аҳли ҷомеаи ноҳияи Сарвари давлат қайд кард, ки тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ дар доираи дастгириҳои давлатӣ дар қаламрави ноҳияи Шамсиддини Шоҳин 34 бинои нав ва биноҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои 8000 нафар хонанда бо харҷи 33 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст ва ҳоло сохтмони 5 муассисаи таълимӣ ва 19 синфхонаи иловагӣ барои 3000 ҷойи нишаст идома дорад.

Акс аз хадамоти матбуоти Презиенти ҶТ

«Муассисаи таълимии навбунёди имрӯза, яъне мактаби рақами 1, ки  барои 760 ҷойи нишаст дар ду баст бо тамоми шароити муосир ва ба маблағи 16 миллион сомонӣ бунёд гардидааст, гувоҳи ғамхории давлат нисбат ба наслҳои навраси Ватан мебошад», - гуфт ӯ.

Қайд гардид, ки илова бар ин, дар доираи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021, яъне дар панҷ соли оянда дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бунёди 32 муассисаи нави таълимӣ ба маблағи 47 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Зимнан таъкид шуд, ки соли гузашта беш аз 50 фоизи хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти умумии ноҳия ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаву олии касбӣ дохил шудаанд, ки ин нишондиҳандаи хуб ва натиҷаи заҳмати аҳли маориф, инчунин, падару модарон мебошад.

Президенти мамлакат зикр кард, ки омӯзгорон ва масъулони соҳаи маорифи ноҳияро зарур аст, ки дар ин самт фаъолияти худро боз ҳам тақвият бахшида, ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълим ва тарбияи хонандагон дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ тадбирҳои муассир андешанд.