Гурӯҳи иборат аз 10 нафар донишҷӯён панҷ рӯз пойи пиёда аз деҳоти Бардчив ба шаҳри Хоруғ расиданд. Онҳо аз таътили зимистона ба машғулиятҳо дар мактабҳои олии воқеъ дар шаҳрҳои Хоруғу Душанбе ва Данғара баргаштанд.

Аз барфпӯш будани роҳ бо автомашина ба ин маконҳо расидан ғайриимкон буда, шабро дар деҳаҳои сари роҳ рӯз кардаанд. Ин навори видео аз ҷониби яке аз донишҷӯён Самад Маскаев сабт ва дар хадамоти русии Би-Би-Си ба нашр расидааст.