Дар толори намоиши «АБАТ-Тоҷикистон» ба меҳмонон дар бораи нозукиҳои пухтани оши палав маълумот доданд. Чорабинии мазкур ба муносибати ба мероси фарҳангии ғайримоддии Созмони маориф, илм ва фарҳанги СММ (ЮНЕСКО) шомил гардидани оши палав доир гардид.

Дар ин чорабиние, ки аз ҷониби ширкатҳои «ЛиК АБАТ-Тоҷикистон», Кейтеринг «Нури дида» ва ҳамчунин Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ созмон дода шуд, ошпазҳои маъруфи кишвар, намояндагони свафоратхонаҳо ва меҳмонони сершумор ҳузур доштанд.

Ошпази маъруф Абдулло Муҳтоҷев, ки дар қабулу зиёфатҳои президенти мамлакат оши палав мепазад, тарзи дурусту болаззат омода кардани палавҳои тоҷикиву афғониро шарҳу тавзеҳ дод. Дарвоқеъ ҳам меҳмонон оши палави пухтаи ӯро хеле хуштамъ арзёбӣ карданд.