Дар мавриди аз байн бурдани ҳаракати маршруткаҳо аз кӯчаҳои шаҳри Душанбе мо назари сокинони пойтахтро пурсидем.

Қобили зикр аст, ки нимаи аввали соли ҷорӣ мақомоти шаҳрдории Душанбе ният дорад, ки нақлиёти ҷамъиятии навъҳои «Старекс» ва «Мерседес» ё ба истилоҳ маршруткаҳоро бо автобусу тролейбусҳо иваз намояд.

Дар корхонаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ бар ин назаранд, ки ин ба танзиму  ба тартиб овардани ҳаракати нақлиёт дар роҳҳои пойтахт кумак мекунад.

Аксари сокинони пойтахт аз ин тасмими шаҳрдорӣ ҷонибдорӣ намуда, вале начандон бовар доранд, ки бидуни маршруткаҳо танбашавии нақлиёт дар роҳҳо камтар мешавад.