Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ бо такя ба маълумоти Агентии обуҳавошиносӣ сокинон ва меҳмонони кишварро огоҳ мекунад, ки рӯзҳои 14-15 июл дар минтақаи ҷануб ва чанде аз ноҳияҳои тобеи марказ болоравии суръашти вазиши шамол то 13-18 метр дар як сония дар назар аст. Бар асари ин бод тӯфони сахт бо чангу ғубор ба ҳаво мехезад.

Гуфта мешавад, дар ин рӯзҳо дар минтақаҳои баландкуҳ гармии ҳаво ҳифз мешавад ва барфҳо ва пиряхҳо об мешаванд, дар натиҷа хатари омадани сел, сангрезиш ва болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо аз эҳтимол дур нест.

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад хеле ботаваҷҷуҳ бошанд, ҳангоми убур аз роҳҳои куҳӣ ва хатарзо эҳтиёткор шаванд. Муҳим аст, ки дар ин рӯзҳо кӯдакон беназорат намонанд, бахусус ҳузури онҳо дар соҳили рӯдхонаву ҳавзҳои оббозӣ зери назорати шадид қарор гирад.

Агар ҳангоми боди шадид дар кӯча бошед, маслиҳат аст, ки зуд худро дар таҳхонаву даромадгоҳи хонаҳо пинҳон созед. Маслиҳат нест, ки аз боди сахт паси деворҳои хонаҳо паноҳ баред, зеро эҳтимол меравад аз бомҳо шифер ва болопӯши дигар ба замин фуруд ояд, ки ин ба ҷони инсонҳо хатар хоҳад дошт.

Ҳамчуни маслиҳат аст, ки ҳангоми гузар аз роҳҳои мошингард боэҳтиёт бошед ва талош кунед аз зери симчӯбҳои интиқооли барқ ва пояҳои реклом, ҳамчунин биноҳои навсохт ва ё сохтмонашон мутаваққифшуда нагузаред. Зери симчӯбҳои интиқоли барқ будан низ хатар дорад.