Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки аз 11 то 13 июл дар минтақаҳои ҷанубӣ ва марказии ҷумҳурӣ дар робита ба пурзӯр шудани суръати вазиши шамол то 18 метр дар як сония, тӯфони чанголуд дар назар аст.

Ҳамчунин бино ба маълумоти обуҳавошиносон, дар доманакӯҳҳо, минтақаҳои кӯҳистон ва баландкӯҳи ҷумҳурӣ хатари обхезиву селфароӣ ва болоравии сатҳи об дар дарёҳои Панҷ, Гунд, Зарафшон ва Вахш аз эҳтимол дур нест.