Раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода мутмаин аст, ки собиқ раиси вилояти Кундузи Афғонистон бояд барои изҳороти беасоси худ узр пурсад. Ин ҷо дар бораи изҳороти Умар Софӣ сухан меравад, ки дар мусоҳиба ба як пойгоҳи радиоии афғонӣ зикр карда буд, ки мутахассисони рус дар қаламрави Тоҷикистон техникаи ҳарбии толибонро таъмир мекунанд.

Зимни нишасти хабарии имрӯза дар Қӯрғонтеппа раиси вилояти Хатлон зикр кард, ки изҳороти собиқ волӣ ё раиси вилояти Кундуз Умар Софӣ нисбати Тоҷикистон туҳмат аст ва ӯ уҳдадор аст, ки аз мардуми тоҷик узр бипурсад.

«Чунин изҳорот барои зиён овардан ба муносибатҳои ду кишвари ҳамсоя баён карда мешаванд. Президенти мо дар арсаи байнулмилалӣ доимо даъват мекунад, ки масъалаи низоъ дар Афғонистон бо роҳи осоишта ҳал шавад, зеро Тоҷикистон ба суботу амни вазъ дар Афғонистон манфиатдор аст. Пеш аз изҳорот дар чунин рӯҳия, ки аз ҷониби Умар Софӣ баён карда шуд, аввал мебояд вазъро омӯхт ва қабл аз сухан гуфтан андеша мебояд кард, - гуфт Гулмҳмадзода. - Тоҷикистону Афғонистонро дарёи Панҷ аз ҳам ҷудо мекунад ва ин ҷо бобати интиқоли техника ҷои сухан гуфтан нест. Ин ғайриимкон мебошад. Чаро Кобули расмӣ ва раҳбарияти имрӯзаи Кундуз дар ин бора ҳарфе намезананду волии пешин сухан мегӯяд. Ман бар ин фикрам, ки барои изҳороти беасосаш ӯ бояд аз мардуми тоҷик маъзарат хоҳад».

Ёдрас мекунем, ки раиси пешини вилояти Кундуз Умар Софӣ, дар гуфтугӯ бо радиои паштузабони "Spogmai" гуфта буд, ки кӯмаки Русия ба Толибон сабаби афзоиши ҳамлаҳои Толибон дар Кундуз ва ду бор суқути ин вилоят шудааст.

Дар ин хабар, ки шуморе аз расонаҳои Афғонистон онро бознашр кардаанд, Умар Софӣ изҳор дошта буд, ки муҳимоти ҷангӣ ва воситаҳои нақлиёт, ки дар ҷараёни ҷанг аз нерӯҳои амниятии афғон ба дасти Толибон меафтанд, ба Тоҷикистон интиқол ёфта ва барои Толибон тармим мешаванд.