Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқатро дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, Президент бо шароити таълим шинос шуда, бо хонандагону таълимгирандагони ин даргоҳ суҳбати самимӣ орост.

Муассисаи таълимии мазкур барои 2600 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардида, бо назардошти талаботи муосир ба истифода дода шуд. Корҳои сохтмонӣ дар иншоот соли 2006 оғоз ёфта, барои сохтмони он бештар аз 25 миллион сомонӣ маблағ харҷ гардидааст.

Фармоишгари иншоот Идораи сохтмони асосии шаҳри Хуҷанд буда, пудратчӣ Идораи сохтмонии рақами 1 ва рақами 5 мебошанд. Лоиҳаи муассиса аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Суғдлоиҳакаш" таҳия гардидааст.

Иншооти мазкур дар масоҳати 2 гектар замин сохта шуда, бо системаи гармидиҳӣ, ки тариқи буғхонаи муосир фаъолият мекунад, таъмин аст.

Таълимгоҳ аз 4 бино иборат буда, дорои 33 синфхонаи таълимист. Ҳамзамон муассиса дорои ошхона бо 200 ҷойи нишаст, толори маҷлисӣ бо 200 ҷой, устохонаи таълимӣ, синфхонаҳои инкишофи кӯдакон, утоқҳо барои гузаронидани маҳфилҳо буда, толору майдончаи варзишӣ ҳам бо назардошти меъёрҳои замони муосир сохта шудаанд. Ҳамзамон синфхонаҳои алоҳида барои гузаронидани дарсҳои химия, биология ва компютер пешбинӣ шуда, дар утоқҳои таълимӣ 10 адад тахтаи электронӣ насб гардидааст.

Аснои шиносоӣ ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки 80 нафар омӯзгор ва дигар кормандони Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд дар асоси озмун ба кор қабул гардидаанд ва онҳо устодони ботаҷрибаву пешқадаманд.

Пас аз ифтитоҳи Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат Эмомалӣ Раҳмон бо сокинону фаъолони шаҳри Хуҷанд мулоқот кард. Сарвари давлат назди ҳозирин бо таҳлили амиқи дастовардҳои дирӯзу имрӯзи шаҳр суханронӣ намуда, барои рушду нумуъ ва пешрафти бештари он таклифу пешниҳодҳои асоснок ба миён гузошт.