Имрӯз бо фармонҳои Президенти Тоҷикистон ва раиси ҳукумати ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар воҳидҳои сохторҳои низомӣ, ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва Вазорати рушди иқтисод ва савдо тағйироти кадрӣ сурат гирифт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо фармонҳои Президенти ҶТ Пиракзода Ҳикматулло - муовини якуми Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ-сардори Сарситоди Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ ва Абдуллозода Нурулло Ҳамид -  муовини Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон таъин гардиданд.

Дар мувофиқа бо Президенти мамлакат сардорони Раёсатҳои Қӯшунҳои сарҳадии ҶТ дар ВМКБ, вилояти Хатлон, инчунин сардорони як қатор отрядҳои сарҳадии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон аз ҳисоби кадрҳои ҷавону корозмӯда ва мутахассисони варзидаи соҳа пурра гардиданд.

Ба вазифаҳои масъули баъзе Раёсатҳои КДАМ Тоҷикистон дар дастгоҳи марказӣ низ мутахассисони соҳибтаҷриба таъин карда шуданд.

Чунин тағйироти кадрӣ дар баъзе аз ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа дар ВМКБ, вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сурат гирифта, роҳбарии ин воҳидҳои низомиро афсарони донандаи забонҳои хориҷӣ, хатмкардагони зиёда аз ду муассисаи олии таълимоти ҳарбӣ дар дохил ва хориҷи мамлакат ба уҳда гирифтанд.

Ҳусайнзода Солеҳ Ҳусайн бо Қарори Ҳукумати ҶТ аз вазифаи муовини Вазири мудофиа озод гардид. Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Умед бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо озод гардида, Ҷӯразода Тоҷиддин, ки то имрӯз муовини Раиси Кумитаи Рушди маҳали назди Президенти ҶТ фаъолият менамуд, ба вазифаи муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо таъин гардид.

Бо Қарорҳои дигари Ҳукумати ҶТ Бекмуроди Айдибек Ширинбекзода аз вазифаи роҳбари маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии “Ишкошим” озод ва Тоҳирҷонзода Сураҷ Ғуломамад ба ин вазифа таъин гардид.

Ҳамчунин, бо Амри Президенти ҶТ Сафаров Саидҷаъфар Саидович аз вазифаи муовини якуми Директори Муассисаи давлатии "Китобхонаи миллии Тоҷикистон" озод гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат зимни суҳбати самимӣ ва ошкоро ба ҳар як хизматчии давлатӣ муваффақият орзу намуда, таъкид карданд, ки зимни иҷрои масъулияти давлатӣ ва вазифаҳои хидматӣ поквиҷдон, содиқ ба давлату миллат ва ҳушёру зирак бошанд.

“Хоксору самимӣ бошед ва дар ҳамкорӣ бо мардум фаъолият карда, мушкилоти мавҷударо бартараф намоед”- таъкид намуд Президенти мамлакат дар охири мулоқот.