Президенти Русия Владимир Путин санаи 15 июн дар кори Нишасти панҷуми сарони кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) дар Душанбе иштирок мекунад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз ҳукумати Тоҷикистон хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, ҷиҳати иштирок дар кори нишасти Душанбе сарони 12 давлат - Чин, Русия, Эрон, Озарбойҷон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Бангладеш ва Шри-Ланка ба Душанбе ташиф меоранд.

Боз 15 кишвари узви МҲТБО-ро сарвазирону муовинони онҳо ва вазирони корҳои хориҷӣ намояндагӣ мекунанд.

Аз кишвари ҳамсояи Афғонистон нахуствазири ин кишвар Абдулло Абдулло дар ин нишаст ширкат хоҳад варзид.

То ҳол дар Душанбе ба ин шумор меҳмонони воломақом ҷамъ наомада буданд.

Зимнан зикр шуд, ки ба ҷуз иштирок дар кори нишаст, дидору гуфтушунидҳои дуҷонибаи сарони ҳайатҳо ба нақша гирифта шудааст.

Чорабиниҳои асосии нишаст дар маҷмааи “Кохи Наврӯз” баргузор мешаванд. Имрӯзҳо пойтахти Тоҷикистон ҳамаҷониба ба қабули меҳмонон омодагӣ мегирад. Душанберо ҳазорон гулгаштҳо оро дода, кӯчаҳо чароғон ва зебу зинат дода мешаванд.

Омодагии Душанберо ба баргузории нишаст шахсан раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ зери назорат дорад.

Қобили зикр аст, ки дар рӯзҳои баргузории нишаст - 14-15 июн ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар чанде аз роҳҳои марказии Душанбе маҳдуд мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.