Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, ки ҳамраисонаш сарвазирони кишварҳо Қоҳир Расулзода ва Абдулло Орипов мебошанд, санаи 3 апрел дар шаҳри Тирмизи Ӯзбекистон баргузор мешавад.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз ҳукумати Тоҷикистон хабар доданд, ҷаласаи ин комиссия, ки бояд охири соли гузашта барпо мешуд, бо сабаби он замон байни Тошканду Душанбе ҷой надоштани масъалаҳои баҳсӣ ва рушди босуръати муносибатҳо байни давлатҳо дар ҳама самтҳо, ба вақти дигар мавқуф гузошта шуд.

Дар ҷаласаи Тирмиз асосан ба баррасии масъалаҳои рушди ҳамкориҳои гуманитарӣ, густариши он дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, фарҳанг ва илмиву техникӣ байни Тоҷикистону Узбекистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.

Ёдрас мекунем, ки санаи 12 апрел сафари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Тошканд ҷиҳати иштирок дар вохӯрии дуюми машвартии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.