Рисолати сафири Эрон дар Тоҷикистон Ҳуҷҷатулл Фағонӣ, ки охири соли 2014 ба ин вазифа таъин шуда буд, ба анҷом мерасад.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ҳафтаи гузашта Ҳуҷҷатулло Фағониро ба ҳузур пазируфта, зимни мулоқот масоили рушди минбаъдаи ҳамкориҳои фарҳангӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Гуфта мешавад, сафири Эрон иброз доштааст, ки баъди бозгаштан ба шаҳри Теҳрон низ барои таҳкими робитаҳои фарҳангӣ байни ду давлат кӯшиш ба харҷ медиҳад.

Зикр мегардад, ки ҷонибҳо иброз доштаанд, ки Тоҷикистону Эрон аз қадим соҳиби забон ва фарҳанги муштарак буданд ва минбаъд низ имкониятҳои ҳамкориҳои муштарак дар соҳаи театру синамо ва табодули таҷриба бисёртар хоҳанд буд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Эрон, сафири нави Теҳрон дар Душанбе Муҳаммадтақӣ Собирӣ таъин шудааст, ки қаблан ба ҳайси муовини Раёсати молияи Вазораи корҳои хориҷии ин кишвар фаъолият дошт.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.