Президенти Тотористон Рустам Миннихонов 19 – 20 март ба Душанбе бо сафари расмӣ ташриф меорад, иттилоъ медиҳад департаменти иттилооти вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Имрӯз дар Қазон сафири Тоҷикистон Имомуддин Сатторов бо Рустам Миннихонов мулоқот намуда, ҷараёни омодагии сафари расмии ҳайъати Тотористон ба Тоҷикистонро баррасӣ менамояд. Дар ин бора ИА «Татар-информ» бо такя ба мақомоти расмии Қазон Лилия Галимова иттилоъ медиҳад.

“Тотористон ҳавасманди ҳамкорӣ дар самти рушди бозори мошинсозӣ, нафту химия ва зиёд кардани гардиши мол бо Тоҷикистон аст”,-иттилоъ додааст Галимова.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.