Аъзоёни собиқи “Гуруҳи 24”, ки ба ватан баргаштанд, ба Суди олӣ ва дигар мақомоти дахлдори Тоҷикистон бо хоҳиши аз рӯйхати созмонҳои экстремистӣ берун кардани ин созмон, муроҷиат карданд. Онҳо таъкид намуданд, ки ин гуруҳ дигар ба амнияти Тоҷикистон таҳдид намекунад.

“Мо дастҷамъона аз Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомотҳои дахлдори кишвар хоҳиш мекунем, ки бинобар сабаби аз байн рафтани хатари “Гуруҳи-24” ба давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, он аз руйхати ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ ихтисор карда шавад”,- омадааст дар изҳороте, ки аъзои собиқи “Гуруҳи 24” Меҳрубон Сатторов дар саҳифаи фейсбукии худ нашр намуд.

Зери ин изҳорот аъзоёни собиқи “Гуруҳи 24” Меҳрубон Сатторов, Оятулло Гиляев, Файзуллоҷон Сафаров, Шарифҷон Султонов, Ғиёсиддин Ихсомов, Шокир Давлатов ва Маҳмадюсуф Шарипов имзо гузоштаанд.

Дар изҳорот зикр карда мешавад, ки ҳамаи нафарони зери изҳорот имзо гузошта, сафи “Гуруҳи 24”-ро тарк кардаанд ва ба Тоҷикистон баргашта, авф шудаанд.

“Ба иттилои ҳамагон, аз ҷумла аъзоёни “Гурӯҳи-24”, ки дар хориҷи кишвар қарор доранд мерасонем, ки мо як гуруҳ узви “Гурӯҳи 24” бо хоҳиши худамон сафи “Гуруҳи 24”- ро тарк карда ба ватан баргаштем ва пурра аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шуда, айни хол дар фазои орому осоиштаи ватан умр ба сар бурда истодаем”,-гуфта мешавад дар изҳорот.

Ҳамчунин, зикр карда мешавад, ки он аъзоёни “Гуруҳи 24”, ки дар хориҷа қарор доранду ба ватан баргаштанӣ ҳастанд, метавонанд ба онҳо муроҷиат намоянд ва онҳо кӯмак мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки чанд рӯз пеш Шарофиддин Гадоев, роҳбари гуруҳи сиёсии мухолифи ҳукумат “Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон” ва собиқ роҳбари “Гуруҳи 24” ба Душанбе баргашт.

Дар чанд навори пахшнамудаи ВКД Шарофиддин Гадоев изҳор намуд, ки бо хоҳиши худ ба ватан баргаштааст.

Аммо созмонҳои байналмилалӣ иброз медоранд, ки ӯро аз Маскав дуздида ба Тоҷикистон бурдаанд.

Неруҳои мухолиф навори қабл аз сафар сабтшудаеро пахш карданд, ки дар он Шарофиддин Гадоев мегӯяд, ҳеҷ гоҳ бо хоҳиши худ ба Тоҷикистон барнамегардад ва ӯро метавонанд дар Русия рабоянд.

Ҳаракати экстремистии “Гуруҳи 24”, ки фаъолияти он дар қаламрави Тоҷикистон манъ карда шудааст, соли 2012 дар Маскав, аз ҷониби соҳибкори мухолиф Умаралӣ Қувватов таъсис дода шуд. Баъдан Қувватов тариқи радио ва наворҳои видеоӣ ба интиқоди ҳукумат ва роҳбарияти Тоҷикистон пардохт.

Моҳи январи соли 2015 Умаралӣ Қувватов дар шаҳри Истамбули Туркия кушта шуд. Пештар аз ин, моҳи октябри соли 2014 “Гуруҳи 24” аз ҷониби Суди олии Тоҷикистон созмони экстремистӣ эълон гардид.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.