Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров рӯзҳои 4-5 феврал бо сафари расмӣ аз Тоҷикистон боздид мекунад.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, санаи 5 феврал вазири корҳои хориҷии Русияро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур мепазирад.

Дар Душанбе Сергей Лавров ҳамчунин бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳридин низ мулоқот хоҳад кард.

Зимни дидору гуфтушунидҳои намояндаи воомақоми Русия бо намояндагони ҳокимияти Тоҷикистон баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои ду кишвар дар самти сиёсати хориҷӣ дар доираи созмону ташкилотҳои байнулмилалӣ аз қабили СММ, САҲА, СҲШ, СААД ва ғайра дар назар аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.