Нимаи аввали моҳи июн дар шаҳри Душанбе Нишасти панҷуми сарони кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) доир мегардад.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси пойтахт дар ин робита хабар дод, омодагии шаҳр ба ин нишаст зери назорати шахсии раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ қарор дорад.

Зикр гардид, ки дар кори нишасти МҲТБО дар Душанбе иштироки сарони кишварҳои Озарбойҷон, Афғонистон, Баҳрайн, Ветнам, Миср, Ҳиндустон, Ироқ, Эрон, Исроил, Қазоқистон, Камбоҷа, Чин, Қирғизистон, Муғулистон, Покистон, Фаластин, Россия, Тайиланд, Туркия ва  Ӯзбекистон дар назар аст.

Қобили зикр аст, ки Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё – МҲТБО, анҷумани байнидавлатие мебошад, ки бо ибтикори Қазоқистон ва дастгирии СММ таъсис ёфта, дафтари марказиаш дар шаҳри Остона воқеъ аст.

Ин созмон 27 кишвари узв, аз ҷумла Тоҷикистон, Русия, Чин, Ҳинд, Эрон, Исроил, Ӯзбекистон, Туркия, Миср, Ироқ, Покистон, Фаластин, Муғулистон, Ветнам ва ғайраро муттаҳид месозад. Мақомоти олии қабули қарор ҳамоиши нишасти сарони кишварҳои узв буда, он дар чор сол як маротиба доир мегардад.

Тирамоҳи соли 2018 раёсат дар Машварати ҳамкорӣ  ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё аз Чин ба Тоҷикистон гузашта, айни замон намояндаи Тоҷикистон Ҳабиб Мирзозода, ба ҳайси мудири иҷроияи Машварат фаъолият мекунад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.