Шаби 26 ба 27-уми сентябр президенти Молдова Игор Додон бо сафари корӣ ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Душанбе ташриф овард.

Дар фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе меҳмони воломақомро муовини сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ.

Пагоҳ, 28 сентябр дар Душанбе ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир мегардад.

Дар ҳошияи ин ҷаласа вохӯрии Игор Додон бо президенти Русия Владимир Путин ба нақша гирифта шудааст. Ғайр аз ин, дидору гуфтушунидҳои ӯ бо сарони кишварҳои Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон ва Тоҷикистон низ дар назар аст.

Имрӯз президенти Молдова Игор Додон аз шаҳри Норак боздид намуда, бо фаъолияти нерӯгоҳи барқи обии Норак аз наздикшинос мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.