Субҳи имрӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро гарму самимӣ истиқбол гирифт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ҳошияи Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот карда, дар ҷараёни мулоқоти самимию созанда масъалаҳои таъмиқи ҳамкории дуҷониба мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Сипас Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ӯзбекистон боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Боғи мазкур дар кӯчаи Беҳзоди шаҳри Душанбе ҷойгир буда, он бо мақсади абадӣ гардонидани хотираи шоири ӯзбек Низомиддин Алишер Навоӣ ва баҳри пойдор намудани дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек бунёд гардидааст.

Гуфта мешавад, Боғи «Низомидин Алишер Навоӣ» дар майдони 2,23 гектар доман густурда, он пурра ба талаботи замони кунунӣ мувофиқ карда шудааст. Дар ин боғ дарахтони ороишиву ҳамешасабз, аз қабили магнолия, кипарис, ардач, клион, сиквой ва ғайра шинонида шуда, ҳамчунин дорои гулу буттаҳои рангоранг мебошад. Ба сарони давлаҳо иттилоъ дода шуд, ки шумораи умумии дарахтони навшинонидашуда дар ин боғ 600 бехро ташкил дода, маҷмуан майдони 14 ҳазор метри мураббаъ майсазор карда шудааст.

Ёдрас мешавад, ки боғи мазкур дар асоси Амри Президети мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз 5-уми марти соли 2018 «Низомиддин Алишер Навоӣ» номгузорӣ шуда, дар он ҳамчун рамзи дӯстии халқҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон муҷассамаи мутаффакирони барҷастаи ин ду миллати бо ҳам дӯсту ҳамсоя Нуриддин Абдураҳмонӣ Ҷомӣ ва Низомиддин Алишер Навоӣ гузошта шудааст.

Муҷассамаи шоирон аз рӯйи лоиҳаи Арбоби ҳунари Тоҷикистон Ғафур Ҷӯраев чун рамзи маърифат дар болои ҳафт зина сохта шуда, он лаҳзаи муҳокимаи асари тозаэҷоди Алишер Навоиро бо устодаш Абдураҳмони Ҷомӣ таҷассум мекунад. Таҳкурсии муҷассама бо санги мармар оро ёфтааст ва дар он нақшу нигори хос ба ҳарду миллат ҳаккокӣ гардидааст.