Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон дар сомонаи расмии худ бахши иттилоотро бо забони тоҷикӣ фаъол намуд.

Айни замон дар он маълумоти марбут ба сафари давлатии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон, ҳамчунин хабарҳо дар бораи ифтитоҳи гузаргоҳҳои марзӣ ва ғайра гузошта шудааст. Ин бахш аз 9 март кор мекунад.

«Ӯ ба корбарони забони тоҷикӣ имкон медиҳад, ки бо забони модарии худ бо рӯйдодҳои муҳими сиёии кишвар шинос шаванд. Бахши нав бо мусоидати фаъоли ҳайати эҷодии нашрияи Олий Маҷлис ва ҳукумати Ӯзбекистон «Овози тоҷик», ки аз соли 1924 нашр мешавад, таъсис ёфтааст», - қайд мешавад дар маъулмоти ВКХ Ӯзбекистон.

Дар ҳамин ҳол, дар сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон низ дар бораи Изҳороти муштараки сарони кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев оид ба таҳкими дӯстӣ ва накӯҳамсоягӣ бо забони ӯзбекӣ маълумот ба нашр расид.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.