Палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ имрӯз созишномаи моҳи ноябри соли гузашта баимзорасида байни ҳукуматҳои Тоҷикистону Олмон дар бораи ҳамкории молиявӣ ва техникиро тасдиқ кард.

Дар ин созишнома муддати ду соли наздик ба сифати грант ва кумак ба Тоҷикистон ҷудо шудани 31,1 млн. евро пешбинӣ шудааст.

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода ба вакилони мардумӣ дар ин робита иттилоъ дод, ки кумаки Олмон ба амалисозии лоиҳаҳо дар бахшҳои иҷтимоӣ, тандурустӣ ва соҳаи энергетика равона мегардад.

«Созишномаи дар боло зикршуда аз замони тасдиқ шуданаш мавриди амал қарор мегирад», - илова кард вазир.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.