Ҷараёни омодагӣ ба сафари президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Душанбе зери назорати шахсии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Дар мусоҳиба ба хабаргузории милли УзА сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Содиқ Имомӣ изҳор доштааст, ки ба туфайли сиёсати роҳандозишудаи президенти Ӯзбекистон, дар минтақа тағйироти назарраси мусбат сурат мегирад: «Тошанд ба беҳбуди муносибатҳо бо кишварҳои ҳамсоя таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунад».

Дипломати тоҷик изҳори итминон кардааст, ки сафари қарибулвуқӯъи Шавкат Мирзиёев ба Душанбе дар муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо саҳифаи нав боз мекунад.

Сафири Тоҷикистон зикр кардааст, ки танҳо соли гузашта ҳаҷми муомилоти мол миёни кишварҳо 80 фоиз афзуда, ду соли наздик ҷонибҳо ҳаҷми умумии онро то ба 500 млн. доллар дар як сол расониданианд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.