Собиқ муовини сарвазири Ӯзбекистон Эргаш Шоисматов сафири нави Ӯзбекистон дар Тоҷикистон мешавад, хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз доираҳои дипломатии Тоҷикистон.

Бино ба гуфтаи манбаъ, масъалаи таъини сафири нави Ӯзбекистон дар Душанбе миёни мақомоти расмии кишварҳо аллакай мувофиқа шудааст.

Сафири нави Ӯзбекистон то сафари давлатии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон, ки даҳаи аввали моҳи март пешбинӣ шудааст, ба иҷрои вазифаҳои худ оғоз мекунад.

Дар ин вазифа ӯ Шоҳқосим Шоисломовро иваз мекунад, ки тайи 14 соли охир дар мансаби сафири Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ифои вазифа мекард. Шоисломов фаъолияташро акнун дар дастгоҳи президенти Ӯзбекистон дар бахши сиёсати хориҷӣ идома медиҳад.

Эргаш Шоисматов соли 1951 таваллуд шуда, хатмкардаи Донишкадаи политехникии Тошканд мебошад.

- аз соли 1996 то моҳи феврали соли 2001 - вазири энергетика ва электрификатсияи Ӯзбекистон;

- солҳои 2001-2006 - раиси Раёсати Ширкати давлатӣ-саҳҳомии «Ӯзбекэнерго», узви Шӯрои электроэнергетикии ИДМ;

- аз моҳи апрели соли 2006 то 13 июли соли 2010 - муовини сарвазир, масъул ба бахшҳои мошинсозӣ, металлургияи сиёҳ ва ранга, бахши нафту газ, геология, электроэнергетика, истеҳсоли маҳсулоти кимиёвӣ ҳамчунин соҳаи стандартикунонӣ ва метрологияи захираҳои давлатӣ ва сафарбарӣ;

- аз моҳи феврали соли 2014 - раиси Шӯрои ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони соҳаи энергетика;

- аз моҳи декабри соли 2016 - раиси Раёсати «Uztransgaz».

Бо ордени «Меҳнат шуҳрати» (Шарафи меҳнатӣ) қадрдонӣ шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.