Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи навбатии 12-уми ҳайати роҳбарии «Муколамаи Осиёи Марказӣ + Япония» доир мегардад.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, ҳайати Тоҷикистонро дар ин ҷаласа муовини аввали вазири корҳои хориҷӣ - Низомиддин Зоҳидӣ, Ӯзбекистонро - муовини вазири корҳои хориҷии ин кишвар - Саидикром Ниёзхоҷаев, Қирғизистонро - муовини аввали вазири корҳои хориҷӣ - Динара Кемелева ва Туркманистонро - муовини вазири корҳои хориҷӣ Вепа Хоҷиев намояндагӣ мекунанд.

Гуфта мешавад, дар ҷаласа аз ҷониби ҳайати Қазоқистон яке аз роҳбарони департаменти Вазорати корҳои хориҷии ин давлат ва Япония - сафир-намояндаи махсуси Вазорати корҳои хориҷии Япония оид ба Осиёи Марказӣ Тошиҳиро Аикӣ ҳузур хоҳанд дошт.

Қобили зикр аст, ки рӯзи 25 январ дар шаҳри Душанбе машваратҳои дуҷонибаи сиёсӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии  Япония  баргузор гардида, ҷонибҳо аз сатҳи кунунии муносибатҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ ва масъалаҳои густариш ва дурнамои ҳамкориҳои судманди ду кишварро дар соҳаҳои мухталифи дуҷониба ва бисёрҷониба, алалхусус дар доираи Муколамаи “Осиёи Марказӣ+Япония”  мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар доираи кори ин ҷаласа вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо муовини якуми вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Динара Кемелева мулоқот карда, дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба, инчунин масъалаҳои омодагӣ ба сафари расмии президенти Қирғизистон Сооронбай Жээнбековро ба Тоҷикистон, ки баргузории он 1-2 феврали соли 2018 дар назар аст, муҳокима карданд.

«Муколамаи Осиёи Марказӣ + Япония» соли 2004 бо ташаббуси Япония таъсис ёфта, ба таҳкими муколами сиёсии кишварҳои узв, рушди ҳамкории минтақавӣ, ҳавасмандсозии тиҷорат, густариши робитаҳои фарҳангӣ ва табодули захираҳои инсонӣ равона шудааст.