Дар паёми тасаллияти Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба унвони Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қайд мешавад: «Бо эҳсоси андӯҳи амиқ хабари даргузашти бародари калонии Шумо Нуриддин Раҳмонро қабул кардам».

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон, Шавкат Мирзиёев ба Президенти Тоҷикистон дар робита ба даргузашти бародараш самимона ҳамдардӣ изҳор намудааст.

Рӯзи 8 октябр дар мазори Мавлоно Тоҷиддини ноҳияи Данғара маросими ҷанозаи Нуриддин Раҳмон (Нуриддин Раҳмонов), бародари 67-солаи Президенти Тоҷикистон доир гардид. Ӯ дар канори қабри волидонаш ба хок супурда шуд. Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳи хонаводааш дар ин маросим иштирок доштанд.

Гуфта мешавад, Нуриддин Раҳмон бар асари сактаи қалб даргузашт. Дар маросими ҷаноза намояндагони ҳукумати ҷумҳурӣ ҳузур доштанд. Ҳеҷ гуна ҷамъомади видоъ баргузор нашуда, маросим хокосрона гузашт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, рӯзи 7 -уми октябри соли 2017 аз бемории сактаи дил қалби Нуриддин Раҳмон дар синни 67-солагӣ аз таппидан боз монд.

Нуриддин Раҳмон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ба дунё омада, солҳои зиёд ба сифати механизатор кору фаъолият намуда, сипас роҳбарии хоҷагии деҳқонии "Раҳмонҷон"-ро ба уҳда доштанд.

Зикр мегардад, ки шодравон бо хислатҳои некӣ инсонияшон дар ёди дӯстону наздикон абадӣ боқӣ мемонад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бародари марҳум-Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, фарзандон, хешу табор ва пайвандонашон изҳори ҳамдардии амиқ баён кард.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.