Президенти Русия Владимир Путин зимни суҳбати телефонӣ Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо ҷашни 65-солагиаш табрик карда, ба ӯ дар фаъолияти давлатӣ комёбиҳои минбаъда таманно кард, хабар дода мешавад дар сомонаи Кремл.

Зикр мегардад, ки қаблан Президенти Русия ба унвони Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни зодрӯзаш барқияи табрикӣ ирсол кард.

«Давоми солҳои президентӣ ба Шумо таъмини сулҳу созиш дар кишвар, соҳиб шудан ба эҳтироми ҳамватанон ва нуфузи баланд дар хориҷи кишвар муяссар шуд. Таҳти роҳбарии Шумо Тоҷикистон дилпурона ба самти рушди иҷтимоиву иқтисодӣ роҳ паймуда, дар ҳалли масоили рӯзмарраи минтақавӣ фаъолона иштирок мекунад», - омадааст дар барқия.

Президенти Русия саҳми шахсии Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими муносибатҳои шарикии стратегӣ ва иттифоқчигӣ миёни Русия ва Тоҷикистон қайд кардааст.

«Мехоҳам омодагиро ба идомаи муколамаи созанда ва кори пурсамари муштарак баҳри густариши минбаъдаи робитаҳои дуҷонба дар тамоми соҳаҳо ба хотири некӯаҳволии мардуми дӯсту бародари Русия ва Тоҷикистон изҳор намоям», - илова мешавад дар барқия.

Қобили зикр аст, ки баъди ду рӯз, санаи 7 октябр Президенти Русия Владимир Путин низ 65-солагиашро ҷашн мегирад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, имрӯз Сарвари давлати Тоҷикистонро сарони кишварҳои Ӯзбекистон - Шавкат Мирзиёев ва Беларус - Александр Лукашенко низ бо ҷашни зодрӯзаш табрик карданд.

Зимни суҳбати телефонӣ бо Шавкат Мирзиёев сарони давлатҳо аз вазъи имрӯзаи ҳамкорию ҳамдастии ду ҷониб дар ҳамаи сатҳҳо қаноатмандӣ изҳор карда, ҳамчунин барои саъю талошҳои муштарак ҷиҳати ба сатҳи сифатан нав боло бурдани муносибатҳои ду кишвари ҳамсоя мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумони онҳо омодагӣ изҳор шуд.

Дар ҷараёни суҳбати телефонӣ бо Президенти Беларус Александр Лукашенко саҳми бузурги Президенти Тоҷикистонро дар истиқрори сулҳу субот ва ризоияти миллӣ дар кишвар, таъмини рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон ва таҳкими эътибори он дар арсаи байналмилалӣ таъкид кард.

Гуфта мешавад, сарони давлатҳо дар фазои дӯстона ва созанда, ки хоси муносибатҳои байни Тоҷикистону Беларус мебошанд, атрофи ҳолати кунуниву ояндаи тамоми маҷмӯи робитаҳои ду кишвар ва роҳҳои густариши минбаъдаи онҳо мубодилаи афкор анҷом доданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.